Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, гуфт, имшаб мусалмонони кишвар бо намозу дуову қуръонхонӣ ва амри маъруф шабзиндадорӣ мекунанд. Тибқи эътиқоди мусалмонон дар шаби 27-уми моҳи мубораки Рамазон китоби Қуръони карим ба паёмбар Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васалам нозил шудааст ва ибодати ин шаб баробар ба ниёши ҳазор шаб мебошад.
Донишмандони ислом мегӯянд, яке аз нишонаҳои қудсияти моҳи Рамазон мавҷудияти Лайлатулқадр, яъне Шаби қадри он аст. Ба шарафи Лайлатулқадр дар Қуръони карим сурае бо унвони "Қадр" нозил шудааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ мегӯяд, ба муносибати "Шаби қадр" барномаи махсусеро таҳия кардаанд, ки тибқи он дар қароргоҳи ҳизб қуръонхонӣ ва баҳс дар атрофи қудсияти Лайлатулқадр то лаҳзаи саҳархезӣ идома мекунад.
Зимнан, пас аз се шаби лайлатулқадр моҳи Рамазон ба охир мерасад ва Иди Фитрро мардуми Тоҷикистон 19-уми август таҷлил хоҳанд кард. Масъулини Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтанд, бар пояи ҳисобу китобҳо аз оғози моҳи Рамазон рӯзи ид ба ҳамин сана дуруст меояд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласа бо ширкати имомхатибҳо дар оғози ин моҳи барои мусалмонони кишвар муборак масъалаи мушаххас кардани нисоб ё миқдори закот ва садақаи фитри мусалмонони Тоҷикистонро маълум карда буд.
Бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум, агар тавони молӣ ва пасандози солонаи фард ба 3 ҳазору 480 доллар, яъне баробар бо 16 ҳазору 878 сомонӣ бошад, бояд 87 доллар ё 422 сомонӣ ба мардуми ниёзманд бидиҳанд. Вале ҳаҷми фитри рӯза барои ҳар сокин дар ҳаҷми се сомонӣ муқаррар шудааст.