Леон Панетта, вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, рӯзи душанбе, 13-уми август, ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Покистон ахиран дар музокирот бо генерал Ҷон Аллен, фармондеҳи аршади амрикоӣ дар Афғонистон, дар бораи ин амалиёт сӯҳбат намудааст.
Вазири дифои Амрико афзудааст, ҳадафи аслии ин амалиёт Толибони покистонӣ хоҳад буд.
Амрико аз "бетаваҷҷӯҳӣ"-и Исломобод дар амалиёт алайҳи шӯришиёне, ки бо истифода аз хоки Покистон бар зидди нерӯҳои амрикоӣ ва эътилоф дар Афғонистон ҳамла мекунанд, нороҳат аст.
Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, аз чанд соли ахир ба ин тараф ба маркази задухӯрдҳо миёни нерӯҳои давлатии ин кишвар бо ҳаракати Толибон табдил ёфтааст. Тайи ин муддат бар асари даргириҳои низомӣ дар ин минтақа садҳо ҷангиёни Толибон ва даҳҳо сарбозони давлатӣ кушта шудаанд.
Да ин минтақаи Покистон ҳаммарз бо Афғонистон, ки маҳалли сукунати қабилаҳои мухталиф мебошад, ҷангиёни толиб аз чанд сол ба ин тараф ба таври густурда фаъоланд. Ҳамчунон гуфта мешавад, ки ҷангиёни Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) дар ин минтақа мустақар мебошанд.