Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси "Толибон" 11 корманди полиси афғонро кушт


Дар волусволии Дилороми вилояти Нимрӯз, воқеъ дар ғарби Афғонистон, 11 корманди полис аз дасти ҳамкори худ кушта шуданд. Ба иттилои пешакии мақомоти тафтишотӣ, онҳо ҳадафи тири ҷосуси ҷунбиши “Толибон” қарор гирифтанд,

Як рӯз аз ин пеш дар вилояти ҷанубии Ҳилманд се сарбози амрикоӣ аз пойгоҳи Гармсер ҷон бохтанд. Ҳамлагар афғоне буд, ки дар ин пойгоҳи низомӣ кор мекард ва аммо дар тан либоси ҳарбӣ надошт. Ин куштор дар наздикиҳои минтақае ба вуқӯъ пайваст, ки шоми панҷшанбе се низомии дигари амрикоӣ аз тири корманди полиси афғону дӯстонаш ба ҳалокат расиданд.

Генерал Гюнтер Катс, намояндаи нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон, изҳор намуд, ки ҳодисаҳои ахир – баёнгари вазъи воқеъӣ дар Афғонистон нест ва ин гуна ҳаводис бар асари низоъҳои шахсӣ ваё афсурдагӣ рӯх медиҳанд.
XS
SM
MD
LG