Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон сохтмони бинои як маркази омӯзиши бепули забонҳои хориҷиро оғоз кардааст.
Мансур Орифов, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин марказ бо маблағгузории Аморати Муттаҳидаи Араб сохта шуда, имкон дорад то поёни ҳамин сол ба анҷом расад.
Дар он забонҳои англисӣ, русӣ, немисӣ ва арабӣ омӯзонида хоҳад шуд, ҳамчунин шуғлу касбҳои муосир низ таълим дода мешавад.
Орифов гуфт, Аморати Муттаҳидаи Араб гуфтааст, ки пуштибонии молии ин тарҳро танҳо дар сурате ба дӯш мегирад, ки таълими забонҳо ва омӯзиши касбҳо дар он бепул сурат гирад.
Тарҳи мазкур ҳудуди 400 ҳазор доллари амрикоро дар бар мегирад.