Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрон ба Туркия дар бораи Сурия


Вазирони умури хориҷии Эрон ва Туркия.
Вазирони умури хориҷии Эрон ва Туркия.

Ба навиштаи як рӯзномаи суриягӣ, Эрон ба Туркия дар мавриди дахолат дар Сурия ҳушдор додааст.

Ин рӯзномаи ҷонибдори режими Башор Асад менависад, Теҳрон ба Анқара ҳушдор додаст, агар Туркия ба хоки Сурия ҳамла кунад, бо посухи тунд рӯбарӯ хоҳад шуд. Рӯзномаи «Ал-Ватан», чопи Димишқ дар шумораи рӯзи душанбеи худ зимни эъломи ин матлаб навишт, ҳар гуна ҳамла ба хоки Сурия қарордоди муштараки дифоии Эрон ва Сурияро вориди марҳилаи иҷроӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол ба гузориши хабаргузории Фаронса, Эрон ҳарчанд наздиктарин муттаҳиди режими Башор Асад дар минтақа ба шумор меравад, аммо ба далели барномаҳои баҳсбарангези ҳастаӣ, робитаи худро бо Туркия, ки узви паймони НАТО аст, дар сатҳи хубе нигоҳ доштааст.

Ин дар ҳолест, ки раҳбарони Амрико ва Туркия дар мавриди суръат бахшидан ба раванди интиқоли сиёсии қудрат дар Сурия гуфтугӯи телефонӣ анҷом додаанд.
Раҷаб Таййиб Эдуғон, нахуствазири Туркия ва Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар як тамоси телефонӣ роҷеъ ба ҳамоҳангии талошҳо барои суръат бахшидан ба раванди интиқоли сиёсии қудрат дар Сурия гуфтугӯ кардаанд. Дар баёнияе, ки аз сӯи Кохи Сафед нашр шуд, ин интиқол қудрат шомили хуруҷи Башор Асад аз Сурия ва посухгӯӣ ба дархостҳои қонунии мардуми Сурия хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол авзоъ дар Сурия ноором боқӣ мемонад. Дар шаҳри Ҳалаб даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ идома дорад. Гуфта мешавад, ки бемористонҳо пур аз афроди ҷароҳатбардоштаанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ба шаҳр аз тариқи ҳавопаймову чархболҳои низомӣ ва танку тӯпхона ҳамла мекунанд.

Ахиран дар Сурия корвони мошинҳои раиси ҳайати нозирони СММ Бабакар Гайе мавриди ҳамлаи тонкҳои ҳукуматӣ қарор гирифт. Дар ин бора Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк иттилоъ дод ва афзуд, ки дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст. Ин дуввумин ҳодисаи ҳамла ба корвони мошинҳои Гайе ва дувоздаҳумин ҳамла ба мошинҳои нозирони СММ аст.

Бабакар Гайе моҳи июл дар мақоми раҳбари ҳайати нозирони СММ дар Сурия генерали норвегӣ Роберт Мудро иваз кард. Мандати нозирони байнулмилалӣ то рӯзи 20 август тамдид шудааст. Бан Ки Мун бори дигар аз Димишқ хост, ки аз саркӯбии ошӯбгарон даст бардорад.
XS
SM
MD
LG