Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои эътирозии як дипломати суриягӣ


Ваколатдори умури Сурия дар Лондон Холид Айюбӣ истеъфо дод. Ӯ изҳор намуд, ки бар асари идомаи хушунат алайҳи мардуми осоишта хоҳиши намояндагӣ аз ҳукумати Башор Асадро надорад.

Дар ҳамин ҳол авзоъ дар Сурия ноором боқӣ мемонад. Дар шаҳри Алеппо даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ идома дорад. Гуфта мешавад, ки бемористонҳо пур аз афроди ҷароҳатбардоштаанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ба шаҳр аз тариқи ҳавопаймову чархболҳои низомӣ ва танку тӯпхона ҳамла мекунанд.

Ахиран дар Сурия корвони мошинҳои раиси ҳайати нозирони СММ Бабакар Гайе мавриди ҳамлаи тонкҳои ҳукуматӣ қарор гирифт. Дар ин бора Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк иттилоъ дод ва афзуд, ки дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст. Ин дуввумин ҳодисаи ҳамла ба корвони мошинҳои Гайе ва дувоздаҳумин ҳамла ба мошинҳои нозирони СММ аст.

Бабакар Гайе моҳи июл дар мақоми раҳбари ҳайати нозирони СММ дар Сурия генерали норвегӣ Роберт Мудро иваз кард. Мандати нозирони байнулмилалӣ то рӯзи 20 август тамдид шудааст.

Бан Ки Мун бори дигар аз Димишқ хост, ки аз саркӯбии ошӯбгарон даст бардорад.
XS
SM
MD
LG