Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нооромиҳо ҳамоно домангири Сурия аст


Шаҳри Алеппо дар Сурия, аз субҳи чаҳоршанбе дубора ба саҳнаи даргириҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин табдил шуд.

Артиш ва нерӯҳои амниятӣ бо истифода аз ҳавопаймову чархболҳои низомӣ ба мавқеъҳои ошӯбгарон ҳамла мекунанд. Дар задухӯрдҳои имрӯз, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, дасти кам 33 нафар ба ҳалокат расиданд. Хабар мерасад, ки ҳазорон низомиёни суриягӣ аз марзи Туркия ба Алеппо фиристода мешаванд.

Даргириҳо дар бархе маҳаллаҳои Димишқ, ки он ҷо чанд рӯзи ахир ошубгарон мавқеъҳои худро мустаҳкам кардаанд, низ идома доранд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, дар шимоли пойтахт нерӯҳои ҳукуматӣ сӯи мухолифин аз тӯпхона гулула меандозанд. Садҳо хонавода барои тарки манзилҳои худ маҷбур шудаанд.

Суриягиҳо ба кишварҳои ҳасоя панаҳ мебаранд
Суриягиҳо ба кишварҳои ҳасоя панаҳ мебаранд
Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ҳукумати Туркия се гузаргоҳ дар марз бо Сурияро баст. Равуои мошинҳои боркаш аз тариқи ин гузаргоҳҳо қатъ шудааст. Вазири масоили гумруки Туркия Ҳаётӣ Язиҷӣ изҳор намуд, ки соли гузашта содирот ба Сурия беш аз 70 дар сад коҳиш ёфт ва аммо тиҷорати ғайриқонунӣ ба таври чашмрас афзуд. Бастани марзҳо, ба гуфтаи ӯ, алайҳи тиҷорати ғайриқонунӣ равона шудааст, ки ба соҳибонашон миллионҳо доллар фойида меоварад.

Ҳамзамон марзи Туркия ба рӯи суриягиеҳое, ки бар асари идомаи хушунат ватанашонро тарк мекунанд, боз аст. Айни ҳол дар қароргоҳҳои муваққати паноҳандагон дар Туркия беш аз 42 ҳазор сокинони кишвари ҳамсоя мустақаранд. Сибелла Вилкес, намояндаи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ҳам гуфт, мақомоти Туркия таъйид кардаанд, ки гузаргоҳҳои марзӣ фақат барои мошинҳои боркаш қатъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол муовини вазири умури хориҷии Русия Геннадий Гатилов имрӯз гуфт, Димишқ ба Маскав кафолат додааст, ки захираи силоҳи кимиёвияш ба таври ҷиддӣ ҳифз мешавад. Дар сӯҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС ӯ афзуд, ки мақомоти Русия ба таври фаврӣ бо раҳбарони Сурия дар мавриди мавзӯи таъмини бехатарии ҷойҳои нигаҳдории силоҳи кимиёвӣ вориди гуфтугӯ шуданд.

Ҷиҳод Макдисӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Сурия, рӯзи душанбе таъйид кард, ки кишвараш дорои силоҳи ҳастаист . Ӯ афзуд, ки ҳукумати Димишқ аз ин силоҳ алайҳи шаҳрвандони худ истифода нахоҳад кард, аммо истифодаи он алайҳи кишварҳои таҷовузгар аз эҳтимол дур нест.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Маскав мавқеи ИМА дар мавриди таркиши рӯзи 18 июл дар Димишқро
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
талоши сафед кардани терроризм номид. Бар асари таркиши маргталабона вазири дифоъи Сурия Довуд Роҷҳа, ва домоди раисиҷумҳур Осиф Шавкат кушта шуда, чанд мансабдори дигар, аз ҷумла, вазири умури дохилӣ Муҳаммад ал-Шаър ҷароҳат бардоштанд.

Сергей Лавров гуфтаҳои намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Ҳуланд дар робита ба ин таркишро чунин ташреҳ кард: “Ӯ гуфт, дар шароите, ки режими Асад чунин рафтор мекунад, дар шароите, ки Шӯрои Амният наметавонад қатъномаи дилхоҳи Иёлоти Муттаҳида ва Аврупои шарқиро қабул кунад, аҷиб нест, ки дар Димишқ ва куллан дар Сурия чунин амалҳо содир мешаванд, аҷиб нест, ки мухолифин аз ин амалҳо кор мегиранд. Ин сафедкунии мустақими терроризм аст”.

Сергей Лавров ҳамчунин аз он изҳори таҳайюр намуд, ки Шӯрои амнияти СММ ин таркишро маҳкум накард ва баръакс қатъномаи нав оиди эъмоли таҳримҳои ҷадид болои Димишқро ба муҳокима гузошт.
XS
SM
MD
LG