Бар асоси ин қонун, ки Шӯрои Федератсияи, палатаи болоии Думаи Давлатии Русия авоили моҳи июл тасвиб кард, назорат бар созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин кишвар бештар мешавад ва онҳо бояд ҳар се моҳ, доир ба харҷу дахли худ ба мақомот гузориш диҳанд. Гузашта аз ин мақомоти расмӣ ҳақ хоҳанд дошт, ки мунтазам ва ногаҳон барои тафтиш ба дафтарҳои ин созмонҳои ғайриҳукуматӣ биёянд. Дар сурати нақзи ин қонун гунаҳкорон ҷаримаи бузург ва ё ҳатто зиндонӣ хоҳанд шуд.
Қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ мояи нигаронии амиқи муборизони ҳуқуқ дар Русия шудааст ва онҳо мегӯянд, мақомот бо ҳамин роҳ созмонҳои ғайриҳукуматиеро, ки аз сиёсат ва амалкардҳои ҳукумат интиқод мекунанд, зери фишор қарор медиҳад. Дар Русия, таври маълум, “агенти хориҷӣ” ба маънии ҷосуси хориҷӣ фаҳмида мешавад. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ ин қонун на ба ҳама созмонҳои ғайридавлатӣ балки танҳо ба он созмонҳое дахл дорад ки ба ҳукумати Русия писанд нестанд.
Иля Пономарёв, муовини ҷиноҳи “Русияи одил” дар Думаи Давлатии Русия зимни баррасии ин қонун гуфта буд, ки дар ин қонун созмонҳои ғайридавлаттии мавриди ҳимояти ҳукумат истисно шудаанд: “Муаллифон ҳатто истисноҳоеро ҳам ба қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ ворид кардаанд. Масалан созмонҳои ғайриҳукуматии таъсисшуда аз тарафи калисо, ҳукумат ва ё тоҷирон аз ин қонун истисно ҳастанд. Ҳоло мо маълум кардем, ки дар Русия кӣ пушту паноҳи умуммӣ ва кафили эмин нигаҳ доштан аз ҳаргуна таъқиби ҷиноӣ аст. “
Мунтақидони ҳукумати Русия, қонуни мазкурро идомаи саркӯбии эътирозҳои оммавӣ хондаанд, ки бо бозгашти Владимир Путин ба қудрат ва шурӯъи даври сеюуми раҳбарии ӯ бештар шуд. Вазорати умури хориҷии Амрико аввали ҳамин моҳ, аз қонуни нав дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматии Русия нигарони карда буд, вале Маскав инро дахолат ба умури дохилии Русия хонд. Иттиҳодияи Аврупо низ ин санадро интиқод кардааст.