Кумитаи андози Тоҷикистон эълон кард, ки дар тарҳи нави Қонуни андози Тоҷикистон, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, шумораи молиёт аз 21 ба 10 навъ коҳиш дода шуд.
Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабаригорон гуфт, ки навъҳои зиёди андозҳо дар кишвар садди ҷиддие дар амри густариши тиҷорат ва соҳибкории дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Аз ин дар тарҳи нави қоунуни андоз навъҳои молиёти умумиҷумҳурӣ аз 17 ба 8 намуди коҳиш дода шуд. Ва андозҳои маҳаллӣ аз 4 ба 2 навъ фароварда шудааст. Ҳайати гурӯҳи кории баррасии тарҳи нави қонуни андоз тасимим дорад дар нимаи аввали соли равон матни ҷадидро ба ҳукумат пешниҳод кунад.
Аммо иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ки дар тарҳи ҷадид танҳо шумораи навъҳои андоз кам карда шудааст, вале ҳаҷми андозҳо ҳамчунон ҳифз шудааст. Сафаралӣ Қудратов, устоди донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, маблағе, ки дар 21 навъи андози ҷорӣ вуҷуд дорад, бо 50 дарсад кам кардани шумораи онҳо коҳиш наёфтааст. Ба назари ӯ, навъҳои молиёт танҳо якҷоя карда шудаанд.
Ба қавли ӯ, агар ба ин шакл тарҳи нави андоз пазируфта шавад, барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ, хусусан рушди соҳибкории Тоҷикистон мусоидат нахоҳад кард.
Иқтисоддонҳо андозҳои ҳангуфтро як монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон медонанд ва аз дӯши мардум гирифтани бори гарони молиёт аз ҷумла тавсияҳоест, ки ниҳодҳои байналмилалии молӣ ба Душанбе мекунанд. Интизор меравад, тарҳи нави Кодекси андоз, ки муҳокимааш ҳанӯз идома дорад, шумораи андозҳоро коҳиш диҳад. Аммо дар ин сурат оё будҷаи давлатии Тоҷикистон, ки як манбаъи асосиаш андоз аст, бояд аз кадом ҳисоб пур шавад?
Дар Тоҷикистон тақрибан ягон навъи фаъолият боқӣ намондааст, ки андоз насупорад. Нозирони молиёт аз овозхону раққоса то фолбину даллоли бозор ва ҳатто кӯдаконеро, ки дар таътили тобистона дар талу теппаҳои атрофи рустои худ хишти лойӣ, ё ба таъбири роиҷ, “лойблок” мерезанд, ҳамаро андоз бастаанд.
Бино ба омори Кумитаи андози вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон, аз 8 миллиард сомонӣ қисми дахли будҷаи давлатӣ 7 миллиард, ё қариб 90 дарсадаш аз ҳисоби молиёт аст.