Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис раҳбари "Султони Кабир"-ро бозпурсӣ кард


Аваз Кабиров, соҳибмулки бозори «Султони Кабир»-ро вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бозпурсӣ намуда ва сипас раҳо кардааст.

Наздикони мавсуф дар таъйиди ин хабар гуфтанд, ки Аваз Кабиров аз сӯи кормандони Раёсати кофтукови ҷиноӣ рӯзи душанбе аз ҷои кор ба вазорат бурда шуд ва пас аз чанд соат дигарбора сари кор баргашт.

Аммо ин манобеъ аз мӯҳтавои сӯҳбати Аваз Кабиров бо мақомот изҳори бехабарӣ карданд.

Манобеъи расмӣ дар таъйиди ин хабар гуфтанд, ки бозпурсии Аваз Кабиров ба як парвандаи хеле муҳим рабт дошт, ки ҷузъиёташ ба наздикӣ ошкор хоҳад шуд.

Аваз Кабиров, зодаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ, дар гузашта аз аъзои Фронти халқӣ буда, дар яке аз набардҳо аз чашм захм бардоштааст.

Пас аз анҷоми ҷанги дохилӣ ӯ ба тиҷорат машғул шуд ва соли 2002 «Султони Кабир» - бозори бузурги молу колои саноатӣ ва сохтмониро дар шаҳри Душанбе фаъол кард, ки ба тахмини наздиконаш, ҳудуди 3 ҳазор нафарро бо кори доимӣ таъмин кардааст.

Ҳоло дар ноҳияи Восеъ бузургтарин маҷмааии варзиширо низ сармоягузорӣ мекунад, ки қарор аст то 21-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода шавад.
XS
SM
MD
LG