Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Панҷоҳ далел"-и донишманди тоҷик барои бунёди "Роғун"


Як донишманди тоҷик мегӯяд, мухолифати кишварҳои ҳамсоя ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, на нишонаи ғамхорӣ дар ҳаққи баҳри Арал, балки идомаи рақобат барои ҷалби муштариёни бозори энержӣ дар минтақа аст.

Ҳаёт Одинаев, профессор ва доктори улуми иқтисодӣ дар “Паёми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон” дар мақолае таҳти унвони “50 далел барои бунёди Роғун” навиштааст, “фӯрушандагони суннатии нерӯи барқ як зарра хоҳиши дидани дигарон дар бозорҳои қадимии худро надоранд” ва аз ин рӯ доду фарёд мезананд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун, Осиёи Марказӣ ба мусибату бадбахтӣ гирифтор хоҳад шуд.

Ҳаёт Одинаев навиштааст, Узбакистон бо “садои баландаш” танҳо нест ва кишварҳои дигаре ҳастанд, ки хомӯшона аз он ҳимоят мекунанд, чунки майле барои ислоҳи арсаи обталаби кишоварзӣ ва муборизаи ҷиддӣ бо мушкилоти экологии худ надоранд. Ба гуфтаи профессори тоҷик, ин кишварҳо мехоҳанд, бо доду фарёди “зиёни зистмуҳитӣ”, масъалаи тақсими об дар Осиёи Марказиро ба нафъи худ ҳал карда ва ҳамингуна дар бозори ташаккулёбандаи энержии минтақа мавқеъи худро мустаҳкам кунанд.

Мутахассиси тоҷик афзудааст, тарси кишварҳои мухолифи нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон аз он аст, ки ҳарду кишвар метавонанд, бо тавлиди нерӯи барқи арзону пок, тақозо ба нерӯи барқи бухорӣ ва рақобатпазирии ин навъи нерӯгоҳҳоро кам кунад, ки дар Узбакистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёданд ва ҳаворо олуда мекунанд. Профессори тоҷик иддао кардааст, ки Узбакистон аз ҳамин роҳ, аз манофеъи ширкатҳои нафтӣ ва истихроҷкунандаи ангишт ҳимоят мекунад, ки он ширкатҳо омодаанд ба хотири аз даст надодани суд, “чандин Аралро” қурбон кунанд.

Ҳаёт Одинаев мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон, ки нерӯгоҳҳои ҳамсон месозанд, комилан ҳақ доранд, аз захираҳои фаровони обашон, баҳра гиранд, тавре ки Қазоқистону Туркманистону Узбакистон мекунанд, яъне газу нафту ангишти худро ба ҳар каси дилхоҳи худ ва бо қиммати ҷаҳонӣ мефӯрушанд. Дар идомаи мақола ин донишманди тоҷик, мавқеъи давлати Узбакистонро, ки мегӯяд, сарбанди Роғун сохта нашавад, як “дахолати фоҳиш” ба умури дохилии Тоҷикистон хонда ва гуфтааст, кишвараш ҳаққи қонунӣ дорад, бе машваратҳои изофӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва албатта бо назардошти меъёрҳои амнияти иқтисодиву муҳити зистӣ ҳаргуна сарбанд ва бо ҳаргуна баландӣ бисозад.

Давлати Узбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун бо сарбанди бештар аз 300 метрӣ, барои обёрии киштзорҳои азимаш обӣ кофӣ нахоҳад дошт ва аз ин рӯ бояд чунин сарбандҳое дар кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ сарчашмаи рӯдхонаҳои минтақа сохта нашавад.

Аммо Ҳаёт Одинаев, профессор ва ҳоло ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯяд, “ин мавқеъи пучи давлати Узбакистон, ки бебандуборӣ дар ҳавлии худро нодида гирифта ва ба ҳавлии ҳамсоя санг меандозад, хилофи ормонҳо ва манофеъи мардуми оддии Узбакистон аст, ки зиндагии аксарияти онҳо дар шолизору пахтазорҳо сипарӣ мешавад”.

Донишманди тоҷик меафзояд, таърихи баҳрабардорӣ аз захираҳои об, аз ҷумла аз рӯдхонаҳои фаромарзӣ нишон додааст, ки бо вуҷуди мухолифату норозигии ҳамсояҳо, иншооте ба монанди Роғун сохта хоҳад шуд.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегават, дар сурати бунёд бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро, аз кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба фурӯшандаи бузурги он табдил медиҳад. Аммо сохтмони ин нерӯгоҳ ба мухолифати сахти кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбакистон дучор шуда ва муносиботи онро ба Тоҷикистон тираву тор кардааст.
XS
SM
MD
LG