Баъди ҳамлаи пираняҳо ба ду сокини вилояти Гуанҷӣ дар яке аз рӯдҳои канори шаҳри Люжоу ин шаҳри ҷанубии Чин дар ҳоли омодабош қарор гирифта, бар зидди ин навъи моҳиҳои дандонтези гӯштхӯр ҷанг эълон кардааст. Ҳукумати Гуанҷӣ аз мардум хостааст, ин моҳиҳои бегонаро, ки ватани онҳо Амрикои ҷанубӣ мебошад, шикор кунанд. Ҳукумат барои ҳар як пираняи зинда ва ё мурда 1000 юан ҷоиза ваъда додааст.