Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олим Ширинов: Аккос, оҳангсоз ва овозхони бедиплом


Олим худро аккос намеҳисобад, аммо кам касе ба ин ҳарфи ӯ бовар мекунад.

Ҳашт моҳ пеш ӯ аввалин бор дурбини ҳирфаии аккосӣ харид ва то имрӯз наздик ба 300 аксеро дар интернет нашр кард, ки аксарияти онҳо ҳатто аккосони ҳирфаиро дар ҳайрат гузоштанд. Иддае ҳам гуфтанд, ки аксҳои Олим хуб дасткорӣ ё «Фотошоп» шудаанд.

Аммо Олим мегӯяд, назари дигарон барои ӯ ҷолиб нест, зеро аккосӣ шуғли дӯстдошта ва навшогирдонаи ӯст:

«Ман ҳамеша мегуфтам, мегӯям ва хоҳам гуфт: аксро инсон қабл аз ҳама барои худ мегирад. Шумо метавонед рӯи саҳна бароед ва гӯед: «Ин ҳама барои шумо! Ман шуморо дӯст медорам», аммо дар навбати аввал, инсон тарона, шеър, акс ва расмро барои худ меофарад. Ман ҳам барои худ акс мегирам, то ҳар зебоие, ки дар атроф мебинам, аввал худ бубинам. Аз ин кор лаззат мебарам. Агар ин аксҳо ба дигарон ҳам писанд оянд, лаззати ман дучанд мешавад».

Олим мегӯяд, табиат ва зиндагӣ рассомони моҳиранд ва вазифаи аккос ба намоиш гузоштани ин маҳорат аст.

Дастгоҳи аввалини аккосиро, ки «Смена» ном дошт ва аксҳои сиёҳу сафед мегирифт, ба Олим дар 12-солагӣ бародараш тӯҳфа карда буд. Аввалин дастгоҳи ҳирфаиаш Canon Eos 550D -ро 8 моҳи пеш бо Canon EOS 7D, ки «аспи оинаӣ» меномад, иваз кард.

Чашми аждаҳо
Чашми аждаҳо
Олим мегӯяд, аккосӣ олами асрор аст, ки барои кушоданаш ӯ зиёд мутолеа мекунад, аммо хуб медонад, ки хеле аз донишҳоро надорад. Ӯ бештар аз дастурҳои аккосони ҷаҳонӣ, мисли Крис Тейлор меомӯзад, ки як аксро дар кадом ҳолат, аз куҷо ва бо кадом эҳсос гирифтааст. Худи ӯ барои гирифтани як акс омода аст, субҳи сарди зимистон ба истиқболи офтоб равад, ё шаби сарди боронӣ ба кӯча барояд, то сели аз ҷӯйборҳои атрофи роҳ таровида, дар кӯчаҳо сарсонро барои таърих санад намояд.

Аккосони маъруф бар инанд, ки Олим «Чашми хуб» дорад ва бархе шоҳкориҳо ҳам кардааст. Аз ҷумла «Чашми аждаҳо» аксест, ки воҳима дорад, аммо дар асл хеле оддӣ гирифта шудааст. Он аз як чароғи оддии симчӯбу барфе, ки тунд меборад, иборат аст. Кӯли Ҷавонони Душанбе ба назар як кӯли оддист, аммо дар акси Олим гӯё манзарае аз Сибир аст. Ё акси «Роҳ камарбанди замин аст» манзараест, ки ҳар рӯз ҳазорҳо нафар дар роҳи Ёвон – Душанбе мебинанд. Он дар озмуни сомонаи аккосони ҳирфаии Украина - Фотоарткриейшн – унвони «Манзараи беҳтарини соли 2012» – ро гирифт.

Нозим Қаландаров
Нозим Қаландаров
Нозим Қаландаров, аккоси маъруф мегӯяд, аз бархе шоҳкориҳои Олим ба ваҷд меояд, аммо баъзеи дигар аз камбудиҳо орӣ нестанд: «Масалан, як аксашро дар «фейсбук» дида будам, рангҳо аз ҳад зиёд баланд буданд. Маълум буд, ки аз «фотошоп» зиёд истифода шудааст. Барои як ҳаваскор ин кори табиист, яъне ҳар гуна хоҳад, ҳамон гуна акси худро омода мекунад. Ман ҳам аз «фотошоп» истифода мекунам, аммо барои як аккоси ҳирфаӣ, барои табиӣ баромадани акс зарурат ба ҳамчунин кор нест»

Олим кист? Бале, ҳамон Олим Ширинов – и 38 – сола, зодаи Душанбе аст. Дар олами мусиқӣ як соҳибстудия, коргардони овоз ва миёни мухлисони тарона сарвари гурӯҳи «Парем» ва дар тиҷорат директори ширкати "Интерсолар-Т", ки бо хадамоти иловагии мухобаротӣ машғул аст. Ҳамчунин Олим ахиран як клипи гурӯҳи «Парем» - ро сабт кард. Аммо бо ин ҳама, ӯ ҳатто як диплом ҳам надорад ва ҳамаро тариқи худомӯзӣ ёд гирифтааст.
Олим Ширинов: Аккос, оҳангсоз ва овозхони бедиплом
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

Олим соли 1993 таҳти фишори модар ба факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи педагогии Душанбе дохил шуд, аммо соли дуввум ӯро дар пайи як мухолифат бо сарвари факулта хориҷ карданд. Ин танҳо зиддияти ӯ бо омӯзгорон набуд. Ҳанӯз дар синфи ҳафтумӣ миёни ӯву раҳбари синф ихтилоф афтод ва ӯ ба шаҳри Мурмански Русия назди хоҳараш рафт ва як сол хонд. То донишгоҳ ӯ як сол бо падараш ва бародаронаш дар корхонаи оҳану бетони Душанбе устои гули сих (арматурачӣ) ҳам буд.

Олим мегӯяд, ӯ фарзанди ҳафтуми оилаи серфарзанд буд, аммо ҳама таҳаввулоти зиндагиаш, ҳатто ҷанги дохилӣ ӯро маҷбур мекарданд, ки ба мусиқӣ рӯ орад:
«Зоҳиран Худо мехост, ки Русия равам ва навохтани гиторро ёд гирам. Маҳз дар 13 – солагӣ фикри ҷиддан бо мусиқӣ ба сарам омад. Дар Корхонаи оҳану бетон садоҳои аввалинеро шунидам, ки ҳоло маро нақоранавоз (барабаншик) кард. Соли 1993 гурӯҳи «Парем» - ро ташкил кардем. Ҷангу ҷидолу нооромӣ буд, аммо гурӯҳи мо, ки соли оянда 20 – сола мешавад, кор мекард. Аз донишгоҳ рафтам ва пурра бо мусиқӣ машғул шудам. Соли 1995 таронаҳои «Ай чаро ишқ» ва «Медонӣ ё не» хит шуданд, ман пурра ба мусиқӣ гузаштам ва мехоҳам он энержиеро, ки дар худ дорам, берун андозам»

Алишер Сайфуллоев, овозхони гурӯҳи "Парем"
Алишер Сайфуллоев, овозхони гурӯҳи "Парем"
Алишер Сайфуллоев, овозхони гурӯҳи «Парем», ки собиқаи ҳамкорӣ ва дӯстии 20 – сола бо Олим дорад, мегӯяд, худи ӯ як нафарест, ки намехоҳад барои ҳалли мушкил ҷонканӣ кунад, чун дид намешавад, аз баҳри кор мегузарад:
«Аммо Олим боварӣ дорад. Ҳар коре, ки шурӯъ мекунад, ба охир мерасонад. Мо аз ӯ меомӯзем. Ҳарфи ӯро гӯш медиҳем. Замони мушкилиҳо буд, рӯҳафтодагиҳо буд. Росташро гӯям, нақши Олим дар ин, ки гурӯҳи мо то ба имрӯз расид, хеле бузург аст. Аз ин хотир, ӯ пешвои гурӯҳ аст».

Аммо на ҳама аз ӯ хотираи хуш доранд. Як овозхони маъруф, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, Олим Ширинов инсони ҳалолкор аст, аммо азбаски хислати русӣ дорад, бо ӯ кор кардан мушкил аст. Вай афзуд, дар ҳолатҳои зарурӣ агар вақташ набошад, умуман телефони касро намебардорад, ё агар ба дари хонааш равӣ, бе андешаи он, ки ту меранҷӣ, ё не, мепурсад: чаро омадӣ? Агар матлабатро ҳам бигӯӣ, мегӯяд, «вақт нест, бирав, фалон вақт биё!» ва дарро ба рӯи кас мепӯшад.

Худи Олим мегӯяд, «ман одами дақиқкор ва серталаб ҳастам. Он чӣ аз худ талаб мекунам, аз дигарон ҳам талаб мекунам. Чаро назди ман меоянд? Барои он ки ман кори онҳоро 100 дарсад иҷро мекунам. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ба ман пул медиҳанд, ман бояд миннатдор бошам. Ин тавр нест. Баръакс ман ба онҳо вақти гаронмояи худро мефурӯшам, вақте ки метавонам барои оила, «Парем» ва ширкат сарф кунам. Бо афроди боистеъдод кор карданро дӯст медорам. Албатта, чун мебинам, ки инсон ба вақти ман муносибати хуб надорад, ӯ вокуниши маро хоҳад дид».

Нигора, ҳамсари Олим Ширинов бо радиои "Озодӣ" сӯҳбат мекунад
Нигора, ҳамсари Олим Ширинов бо радиои "Озодӣ" сӯҳбат мекунад
Нигора Ширинова, ҳамсари Олим, ки бо ҳам як духтар ва як писарро тарбият мекунанд, ҳамзамон корманди ширкати "Интерсолар-Т" аст. Вай мегӯяд, Олим ҳамчун роҳбар сахтгир аст ва гоҳе ҳам садо баланд мекунад, аммо далоили хашмашро ба ҳар коргар мегӯяд. Нигора мегӯяд, 5 сол аст, ки дар ҳавои зиндагии ҳамсараш зиндагӣ мекунад:

«Ин, ки хонаи мо серодам аст, хушам меояд. Вақте бачаҳо меоянд, ягон ҳодисаи нав нақл мекунанд. Вақте бачаҳо тамрин мекунанд, дар хона садои мусиқӣ аст, ки хеле хуб аст. Аммо вақте нестанд, ростӣ, зиқ мешавам. Ман ба ин воқеиятҳои зиндагии ҳамсарам одат кардаам. Ин ҳама баръакс хеле хуб аст».

Ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки Олим тавре кори худро ташкил кардааст, ки метавонад аз хонааш берун наояд. Ҳама корҳояшро тариқи интернет иҷро мекунад, студияаш дар хонааш аст, тамрини гурӯҳи «Парем» низ дар хонааш мегузарад. Худи Олим мегӯяд, ӯ дар як шабонарӯз гоҳо 5, гоҳо 6 соат хоб мекунад ва агар фурсате ояд ӯ аз Худованд танҳо як хоҳиш дорад, ки рӯзи 24 соатаро ба 48 соат тамдид кунад, то ӯ он чӣ дар нақшаҳои худ дорад, тавонад амалӣ намояд.
XS
SM
MD
LG