Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони барканории Гулнора Усмонова аз кор ронда мешаванд


Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфт, афроде, ки дар қазияи барканоршавии журналист даст доранд, аз кор ронда мешаванд.

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, «дар воқеъ нисбати қазияи Гулнора Усмонова, пас аз чопи матлабҳо дар ВАО огоҳ шудам. Он касе, ки муроҷиатнома навиштааст ва онҳое, ки дар ин кор даст доранд, нисбати онҳо чораҳо андешида шуда ва аз кор ронда мешаванд».

Гулнора Усмонова, муҳаррири идораи фарҳангӣ-фароғатии Радиои Тоҷикистон ва узви Иттиҳодияи нависандагон аз сӯи ҳамкоронаш ба "хокпошӣ" ва "тӯморбозӣ" муттаҳам ва моҳи июн аз кор ронда шудааст.


Моҳи гузашта дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Заъфарон Муҳаббатова, сармуҳаррири Идораи фарҳангӣ-фароғатии Тоҷикистон гуфт, дар ҳақиқат Гулнора Усмонова бинобар шаҳодати ҳамкоронаш дар утоқи корӣ ба корҳое даст мезадааст, ки боиси нигаронӣ ва то андозае тарсу ҳароси онҳо мешудааст. Вале, гуфт ӯ, иллати аз кор озод шудани ӯ риоят нашудани интизоми меҳнат, яъне бидуни сабаби узрнок ба кор наомадани ӯ будааст.

Худи хонум Усмонова, ҳарчанд нахост дар ин мавзӯъ бо радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шавад, барканориашро бепояву асос ва тамоми иттиҳомоти марбут ба "тӯморбозӣ" дар сари корро "тӯҳмат" меномад.

Ин масъала аз ҷониби раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ин низ матраҳ шудааст. Бо хонум Усмонова, ки чун нависанда ҳам ном баровардаст, бо дархости ҳамкоронаш Меҳмон Бахтӣ, раиси ИНТ ҳам сӯҳбате дар ин замина анҷом додааст. Меҳмон Бахтӣ гуфт, ба ӯ "насиҳатомез" дар бораи одобу рафтори корӣ ёдовар шудааст.

Гулнора Усмонова, узви ИНТ ва муаллифи китобҳои насрие бо номҳои "Рӯшании ҳарири шаб", "Мавҷи сарнавишт","Шиноси ношинос" ва «11 мусоҳибаи озода дар бораи Мирзо Турсунзода" аст, ки дар тӯли солҳои 2003-2012-ум дар чопхонаҳои Душанбе ба нашр расидаанд.
XS
SM
MD
LG