Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садриддин Тошев аз болои Додситонии кулл ба додгоҳ шикоят кард


Маҳбуси зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе Садриддин Тошев алайҳи Додситонии кулли кишвар ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурд.

Бузургмеҳри Рашан Вакили мудофеи Садриддин Тошев гуфт, ки шикоятномаи ӯ иборат аз беаҳамиятии низоми додситонии кулл дар масъалаи татбиқи қонуни авф дар мавриди шахси Тошев мебошад. Ба қавли ӯ дар аризаи мазкур омадааст, ки додситонии кулл тамоми санадҳои маҳбус Садриддин Тошевро дар мавриди афв барои омӯзиш гирифта, вале бидуни посух мондааст.

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеъи Садриддин Тошев мегӯяд, ки борҳо масъалаи афви зерҳимояашро дар Додситонии кулл баррасӣ кардааст, вале намояндагони Додситонӣ ҳар дафъа аз идомаи баҳс худдорӣ мекардаанд.

Як намояндаи Додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфт, ки ду рӯз қабл аз номи Садириддин Тошев як ариза ба қайд гирифта шудааст, вале ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор дода нашудааст.

Вале дафтари матбуоти додситонии кулли тоҷикистон гуфт, аз ин ариза хабар надорад ва шояд дар рӯзҳои наздик нусхаи онро барои шиносоӣ ирсол кунанд.

Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.

Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо ҷурми гаравгонгириву терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев - фармондеҳи дигари мухолифин - ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамакнун ӯ 10 соли ҳукмашро паси сар кардааст. Садриддин Тошев борҳо аз нодурустии ин ҳукм ба мақомот шикоят карда ва ду сол пеш низ дар маҳбас даст ба як гуруснанишинии эътирозӣ зада буд.
XS
SM
MD
LG