Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вокуниш ба ташдиди таҳримоти иқтисодӣ алайҳи кишвараш гуфт, таҳримоти 30 соли ахир миллати Эронро дар муқобили ҳар таҳриме "ваксин" кардааст. Аввали ҳамин моҳ Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти Эрон даст кашид ва пештар аз ин Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ муомилоти молӣ бо Эронро маҳдуд карданд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ афзуд, миллати Эрон дар баробари “тамоми тавтиа ва таҳримҳои” 30 соли ахир истодагарӣ карда ва ҳоло 100 баробар қавитар аз 30 соли пеш шудааст. Агарчӣ мақомоти расмии Эрон таҳримоти иқтисодӣ алайҳи ин кишварро беасар ҷилва медиҳанд, аммо ба гуфтаи иқтисоддонон ин таҳримот бар изофаи бекории зиёд ва таваррум дар Эрон сабаби дарди сари зиёде барои раҳбарони ин кишвар шудааст.