Яке пурсидашудагон тарҷеҳ медиҳад, ки бо раиси ҷумҳур сари масоили иқтисодӣ сӯҳбат намоянд, «зеро дар ин мавзӯъ қарорҳои зиёде қабул шудаанд, вале аз амалӣ шудани он хабаре нест».
Дигаре ҳам бо президент мушкили бербарқиро матраҳ карданист, ки он ҳамасола сар аз моҳи октябр то моҳи апрел домангири сокинони кишвар аст ва ҳанӯз маълум нест, ки ин вазъ то кай идома меёфта бошад.
Яке аз пурсидашудагон мегӯяд, ки «бо Ҷаноби Олӣ масъалаи бо шароити замонавӣ таъмин кардани мактабҳоро баррасӣ мекардам ва мегуфтам, ки ҷавононро дар садри аввал гузоранд ва дастгирӣ намоянд.»
Як хонум мехоҳад аз раиси ҷумҳур бипурсад, ки тоҷикистониён кай дар ватани худ соҳиби кор мешаванд ва барои дарёфти қутти лоямут ба мулки ғайр мусофират наменамоянд.
Дигаре, ки ба гуфтаи худи ӯ солҳост иҷоранишин аст ва аз ин вазъ «ҷонаш ба лабаш омадааст», мехоҳад аз раиси ҷумҳур бипурсад, ки ба кадом роҳ вай метавонад соҳиби қитъаи замине шавад ва аз ин «дарбадарӣ» раҳо ёбад.
Дар ин миён агар яке ҳам мегӯяд, ки ҳеҷ мушкиле надорад ва чаро ҳам бо раиси ҷумҳур мулоқот кунад, дигаре аз пурсидашудагон мӯътақид аст, ки раиси ҷумҳур ӯро ба ҳузур намепазирад.
Аммо Шумо чӣ корбарони азиз, агар фурсати мулоқот бо раиси ҷумҳур бароятон даст медод, бо ӯ сари чӣ масоиле сӯҳбат мекардед?