Рӯзи сешанбеи 10 июл дар дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе муаррифӣ ва муҳокимаи тарҳи «Пуштибонӣ рушди равазанаи ягона оида ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон» баргузор шуд.
Иттиҳодияи Аврупо, сармоягузори барномаи мазкур ҷиҳати иҷрои ин барнома бо созмони Интрасофт Интернейшнал қарордод ба имзо расонд. Дар чаҳорчӯби барномаи мазкур, таъминоти барномавии «Равзанаи ягона» бар тибқи вазоифи мушаххаси фаннӣ тарҳрезӣ ва таъмин хоҳад шуд.
Роҳандозии барномаи пуштибонӣ аз рушди маркази равзанаи ягона бар асоси дархости Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2010 аз Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад. Эдуард Ауер, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон гуфт:
"Албатта иҷрои барномаи «Пуштибонӣ аз рушди равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон осон нахоҳад буд. Сабаби аввал он аст, ки мӯҳлати ду сол, ки барои иҷрои ин барнома муқарар шудааст, хеле кӯтоҳ аст. Ҳамчунин барои иҷрои барномаи мазкур мо бояд бо ҳамаи мақомоти марбутаи ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем. Бар изофа, мақомоти марбути ҳукумати Тоҷикистон ҳамзамон бояд бо иҷрокунандаи барномаи мазкур, созмони Интрасофт Интернейшнал ҳамкории қавӣ дошта бошад. Ба хотире, ки мо пуштибонии мақомоти Тоҷикистон дар иҷрои барномаи макурро дарёфт кунем, умед дорем, ки то моҳи сенятбри соли ҷорӣ тарҳи қонунгузорӣ омода мешавад. Ҳамчунин як бахши муҳими ҳамкории мо дар иҷрои барномаи мазкур коҳиши шумораи асноди ба расмиётдарорӣ мебошад. Феълан аз панҷ санади нозарур ҷиҳати сабтином, танҳо яке лағв шудааст."
Иҷрокунандаи барномаи «Пуштибонӣ аз рушди равзанаи ягона оида ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон", созмони Интрасофт Интернейшнал аст, ки дар тӯли 14 соли ахир дар 20 кишвари ҷаҳон барномаи мушобеҳро ба анҷом расондааст. Созмони мазкур 120 корманди ҳирфаии бахши тиҷорат ва фанновариҳои иттилоотӣ дар бахши гумрукӣ дорад ва низ шумораи зиёди мушовирони байналмилалӣ дар ин созмон кор мекунанд.
Антипас Хатиосифидис, менеҷери барномаи "Пуштибонӣ аз рушди равзанаи ягона оида ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон" дар ширкати Интрасофт Интернейшнал дар мавриди ҳадафи аслии иҷрои ин тарҳ гуфт:
"Бар тибқи созишномае, ки миёни ширкатдорон ба тасвиб расид, ҳадафи ниҳоии ин барнома саҳмгирӣ дар поин кардани мизони қашшоқӣ бар асоси беҳтар кардани фазои тиҷорат дар Тоҷикистон аст. Ҳадафи аслии иҷрои барномаи мазкур мусоидат ба тиҷорат дар чаҳорчӯби воридоту содирот ва транзит дар Тоҷикистон аст. Дар зимн рушди равзанаи ягона бар асоси системаи электронӣ ба тоҷирон имкон медиҳад, ки намунаи электронии асноди зарурии худро як бор ирсол мекунанд. Системаи мазкур дар муддати кӯтоҳ ин аснодро баррасӣ мекунад ва ба тоҷир дар зудтарин фурсат посух медиҳад.»
Аммо ин дар ҳолест, ки бар иловаи мушкилоти дохилӣ дар роҳандозии тиҷорат, сар аз қонугузорӣ то таҳияи аснод ва барасмиятдарорӣ, омилҳои берунӣ ё хориҷӣ низ дар рушди тиҷорат ва воридоту содирот дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аз ҷумла ахиран мақомоти Узбакистон эълом доштааст, бе иҷозаи қаблӣ борҳои транзитӣ аз қаламрави кишварашро сар аз 1-уми августи соли ҷорӣ мамнӯъ хоҳад кард, дар ҳоле, ки феълан иҷозаи иҷозаи убури борҳои транзитӣ аз тариқи Узбкистонро дар марз бо пардохти молиёти муқараршуда дарёфт мекунанд.
Дар посух ба суоле, ки оё Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби барномаи «Пуштибонӣ аз рушди равзанаи ягона оида ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон" иқдомеро ҷиҳати осон кардани мушкилоти транзит аз тариқи Узбакистон руи даст хоҳад гирифт ё хайр, Эдуард Ауер, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон чунин посух дод:
«Тарҳи мазкур марбут ба Тоҷикистон аст ва мо дигар кишварҳоро ба ин барнома ҷалб карданӣ нестем. Албатта дар масъалаи убури марз ҷиҳати анҷоми тиҷорат масъалаҳои зиёд барои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аммо дар зимн бо ҷониби Тоҷикистон ва Узбакисттоон гуфтугӯҳо дорем. Аммо ошкор кардани ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо ба салоҳияти ман шомил намешавад ва хуб мебуд агар натиҷаи ин гуфтугӯҳо пас аз эълонӣ расмӣ, матбуотӣ мешуд.»
Аммо ин дар ҳолест, ки як бахши муҳими рушди маркази равзанаи ягона дар Тоҷикистон марбут ба фаъолият ва иқдомоти мақомоти ҳукумати Тоҷикистон аст. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, усулан ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи воҳиди давлатии Маркази равзанаи ягона дар назди хадамоти гумрукӣ Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳот ва анҷоми талаботи барномаи роҳандозишуда омода ҳастанд.
Борис Филипов, менеҷери барномаи «Пуштибонӣ аз рушди равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон" аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳадафи таъсиси маркази равзанаи ягона низ маҳз ҳамин аст.
Маркази «Равзанаи ягона» чаҳор сол қабл дар назди Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъсис дода шудааст. “Равзанаи ягона” барои сабти номи ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродист, ки аз 4 сол ба ин сӯ амал мекунад ва бахши аъзами таҳияи аснод ҷиҳати таъсиси тиҷорат ё корхонаи ҷадидро зери як бом мунсаҷим кард.
Итиҳодияи Аврупо ҷиҳати анҷоми барномаи «Пуштибонӣ аз рушди равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон" 1 миллиону 200 ҳазор евро ихтисос додааст. Ин барнома даври дуввум ва асосии барномаи "Пуштибонӣ аз рушди равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон" аст. Дар даври ибтидоии ин барнома, ки рӯзи 10 июл ҳамзамон дар нишасти Душанбе аз он натиҷагирӣ шуд, Иттиҳодияи Аврупо 800 ҳазор евро ихтисос дода буд.