Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи узвияти Русия дар WTO


Думаи Давлатии Русия рӯзи сешанбе созишнома дар мавриди пайвастани ин кишвар ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро тасвиб кард. Ба тарафдории ин созишнома 238 нафар раъйи мувофиқ ва 208 нафар раъйи мухолиф додаанд. Тамоми вакилони тарафдор аз ҳизби Русияи Воҳид буда ва мухолифони созишнома аъзои се ҳизби дигар будаанд. Андрей Белоусов, вазири рушди иқтисодӣ, пайвастани Русия ба созмони мазкур ба нафъи кишвараш хоҳад буд: “Узвияти Русия дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ҳеҷ паёмади манфии иҷтимоӣ барои Русия нахоҳад дошт. Мардуми Русия аз фоидаҳои созмон баҳраманд хоҳанд шуд, зеро рақобат афзоиш меёбад ва агарчӣ қиматҳо ҳам поён наоянд, вале суръати афзоиши онҳо кунд мешавад.“ Баъди 18 соли музокирот, Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ моҳи декабри соли 2011 ба қабули Русия ба узвияти ин созмон ризоият дод. Баъди дар ҷараёни гузоштани созмон аз қабули созишнома, Русия пас аз 30 рӯз узви комилҳуқуқи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ мешавад ва се сол мӯҳлат дорад, ки бозорашро ба меъёрҳои ин созмон мувофиқ кунад.
XS
SM
MD
LG