Солҳои ҳафтодум буд. Диплому роҳхат дар даст ӯ ба шӯъбаи кадрҳои комиҷроияи ноҳия омад. Раиси шӯъба ҳуҷҷатҳоро бодиққат аз назар гузаронд ва норозиёна сар ҷунбонд:
-О сад бор гуфтам, кор нест, охир... -ғур-ғур кард ӯ,- медонанд, ки ҳама штатҳо пур, боз одам роҳӣ мекунанд...
Сипас, дилу бедилон рақами телефонеро чид.
-Алло, консервзавод... Ҳа, худутӣ? Вайлакум... Ҳаққи раиси мондӣ? Хуб! Гӯш кун... аз Душанбе боз як каса ба кор фиристоданд... О, ман ҳам гуфтам, ки дар заводи консерва ҷойи кор нест, лекин боз кори худашона мекунанд... Хайр, бин, мумкин ягон кори чернарабочий биёбӣ!
-Ака,-аз ҷой нимхез шуд Холаҳмад Маҷидов,-ман консерваторияро тамом кардам, кон-сер-ва-то-рияра!!!
-Чӣ, маро ақл нишон медиҳӣ,-бо қаҳр гӯширо ба ҷояш гузошт мудири кадрҳо,-чӣ, бо дипломи консерватория ман тура заводи консерва неву хлопказавод роҳӣ кунум... Консерватор!