Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишу ҳамлаҳо дар Афғонистон 23 нафар ҷон бохтанд


Бар асари таркишу ҳамлаҳо дар ҷануби Афғонистон беш аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар мавзеъи Арғистони вилояти Қандаҳор автобуси хурд бо мусофирон ба минаи рӯи раҳ бархӯрд, ки боис ба марги даҳ нафар ва маҷрӯҳ шудани даҳ каси дигар гардид. Вақте, ки як трактор барои имдоди осебдидагон ба ҷойи ҳодиса омад, таркиши дуюм ба вуқуъ пайваст ва мунҷар ба ҳалокати 4 каси дигар шуд.

Чанд соат баъд дар ҳамин мавзеъ як худрав ба мина бархӯрд ва боз чаҳор сокини осоишта ҷон бохтанд.

Масъулияти таркишҳоро ҳанӯз гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.

Дар вилояти ҳамсояи Ҳилманд бошад, толибон ба постгоҳи полис ҳамла карданд. Дар задухӯрде, ки тақрибан панҷ соат идома дошт, панҷ корманди полиси афғон ба ҳалокат расиданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳамлагарон тақрибан 20 нафарро талаф доданд ва ақибнишинӣ карданд.

Ба иттилои СММ, соли 2011 дар Афғонистон 3021 тан аз сокинони осоишта ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG