Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нигаронии Душанберо дар мавриди "Роғун" ба Конгресс мерасонем"


Сӯҳбати ихтисосии "Озодӣ" бо Дени Ли Бэртон, узви Палатаи Намояндагони Конгресси Амрико.

Радиои Озодӣ: Бардошти шумо аз мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон ва самтҳои ҳамкории ИМА бо Тоҷикистон кадомҳо метавонанд бошад?

Дени Ли Бэртон: Ҳадафи сафари мо шиносоӣ бо Тоҷикистон, огаҳӣ аз муносибат ё бархӯрди раҳбарияти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ба масоили марбут ба хуруҷи нируҳои НАТО дар соли 2014 аз Афғонистон аст. Мо хеле ҷиддӣ омодагӣ дорем, ки ба дунболи хуруҷи нируҳо Толибон ва Ал-Қойида дигарбора сар боло накунанд ва ба минтақаи Осиёи Марказӣ хатар эҷод накунанд. Мо хеле хуш шудем, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот доштем ва мавқеи ӯро дар робита ба терроризм фаҳмидем, ки дар ин мавзӯъ хеле мавқеи ҷиддӣ ва қотеъона дорад.

Радиои Озодӣ: Сафари шумо ба Тоҷикистон дар ҳоле, иттифоқ меафтад, ки мақомоти Тоҷикистон ва Русия сари тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистон баҳс доранд. Генералҳо ва сиёсатмадорони Русия мақомоти Тоҷикистонро айбдор мекунанд, ки гӯё Душанбе дар ҷустуҷӯи ҳампаймонӣ бо ИМА ва НАТО аст ва ба ҳамин сабаб масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 -и Русия дар Тоҷикистон бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Оё ин тахмину иддаои давлатмардони Русия асос дорад?

Дени Ли Бэртон: Муносибати миёни Тоҷикистону Русия бояд миёни раисиҷуҳурони ин ду кишвар матраҳ шавад. Мо муносибат ва сиёсати ин ду кишварро ташреҳ карда наметавонем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дӯст ва шарики ҳамкори Тоҷикистон аст, вале инчунин муносибатҳои ду кишвари Тоҷикистон ИМА ба касе, аз ҷумла Русия таҳдид намекунад. Ман фикр мекунам, ки муносибати Тоҷикистону Русия дар ҳоли рушд аст ва ҳар гуна сӯитафоҳумҳо дар муносиботи ин ду кишвар ҳалли худро пайдо мекунад.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон ба таъсиси шабакаи икмолотии шимолӣ барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон кӯмак кард, вале ҳоло дар тарҳи интиқоли амволу таҷҳизоти НАТО аз Афғонистон дар канор ё ҳошия гузошта шуд. Оё ин аломати беаҳамиятии Тоҷикистон барои Вошингтон дар ҷанги зидди террор аст?

Дени Ли Бэртон: Ман фикр мекунам, ки қарори хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон аз сӯи фармондеҳони нерӯҳои НАТО, ИМА ва кишварҳои дигари узв гирифта мешавад ва бо кӯмаки департаменти давлатии ИМА баррасӣ мешавад. Мавқеи Тоҷикистон низ мисли кишварҳои дигари ҳаммарз бо Афғонистон баробар ба назар гирифта мешавад.

Сӯҳбати "Озодӣ" бо конгрессмени амрикоӣ Ден Бэртон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

Радиои Озодӣ: Дар аввалҳои моҳи марти соли 2011 Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистонро як тарҳи саривақтӣ ва муҳим номид ва гуфт, иҷрои он ба ҳалли бисёре аз мушкилоти иқтисодии Осиёи Марказӣ кӯмак хоҳад кард ва содироти барқ ба Афғонистону Покистонро таъмин хоҳад намуд. Оё ин пуштибонӣ танҳо декларативӣ буд ё ба сиёсати ҳукумати Обама таъсире ҳам дошт? Аслан мавқеъгирии ИМА дар ин масъала ва мухолифати Узбакистор ба тарҳи Роғун чист?

Дени Ли Бэртон: Ба ин суоли шумо чизе гуфта наметавонам, посухи мушаххас надорам. Дирӯз бо президент Раҳмон сари ин мавзӯъ сӯҳбат доштем. Медонем, ки феълан Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ асоснокии фанниву иқтисодии худ дар мавриди нерӯгоҳи Роғунро идома медиҳад. Мо албатта нигаронии президент Раҳмон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи Роғунро ба Конгресс ва департаменти Давлатии ИМА мерасонем.

Радиои Озодӣ: Ташакур барои сӯҳбат.
XS
SM
MD
LG