Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Русия қасди додани паноҳандагӣ ба Асадро надорад"


Русия ахбореро, ки аз нияти Маскав барои додани паноҳандагии сиёсӣ ба Башор Асад ҳикоят мекард, рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ки рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ сухан мегуфт, хотирнишон кард: «Ин ахбор ё талоше аст барои гумроҳ кардани касоне, ки дар муомила бо масоили сиёсии хориҷӣ ҷиддӣ ҳастанд ё аз сӯи касоне мунташир мешаванд, ки мавзеи Русияро нафаҳмидаанд.»

Оқои Лавров гуфт, ки масъалаи паноҳандагии сиёсии Башор Асар барои нахустин бор дар гуфтугӯҳои моҳи гузаштаи Ангело Меркел, нахуствазири Олмон бо Влидимир Путин дар Берлин матраҳ шуд ва ҷониби олмонӣ онро пешниҳод кард.

Вазири умури хориҷии Русия дар идома гуфт, ки мо ин суханро ба унвони як «шӯхӣ» қабул кардем кардем ва ба шӯхӣ ҳам ба онҳо гуфтем: «Чаро худи шумо ба Асад дар Олмон паноҳандагӣ намедиҳед, агар мехоҳад ҷое биравад.»

Ӯ афзуд: «Бисёр шигифтзада шудам, ҳангоме ки дар ҷараёни тамосҳоям бо ҳамкорони хориҷӣ барои баррасии бӯҳрони Сурия дарёфтам онҳо бовар карданд, ки мо ба Асад паноҳандагӣ хоҳем дод ва дар пайи он ҳама мушкилоти мардуми Сурия ҳал хоҳад шуд.»

Лавров ёдовар шуд, Абдулбосит Сайдо, раиси ҷадиди Шӯрои миллии Сурия ҳафтаи оянда барои гуфтугӯ бо мақомоти рус ба Маскав хоҳад рафт. Шӯрои миллии Сурия гурӯҳе аст, ки дар он бахши бузурге аз мухолифони Сурия узв ҳастанд.
XS
SM
MD
LG