Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миатович: Осиёи Марказӣ бояд интернетро маҳдуд накунад


Дуня Миатович
Дуня Миатович
Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост, ки озодии матбуотро таъмин кунанд ва дастрасӣ ба интернетро боз нигоҳ доранд. Дуня Миатович-масъули умури матбуот дар САҲА дар як конфронси интернетӣ дар Туркманистон гуфт, интернет бояд барои ҷомеа ҷиҳати баёни ақида боз бошад ва ҳукумат ба он мудохила накунад ва маҳдудиятҳо пеш наорад.

Бисёре аз сафҳаҳои интернетӣ, аз ҷумла сомонаҳои хабарии хориҷӣ дар Туркманистон қобили дастрасӣ нестанд.
XS
SM
MD
LG