Хадамоти вижаи Қирғизистон Равшанбек Собиров-вазири рушди иҷтимоии ин кишварро бозпурсӣ мекунанд. Дар ин бора Нурлан Токталиев-сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ хабар дод.
4 июли соли ҷорӣ кормандони ин кумита ёвари вазирро ҳангоми ситонидани 10 ҳазор доллар ришва боздошт карданд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин миқдор ришваро ёвар бо дастури вазир бояд мегирифт. Ёвар дар бозпурсӣ эътирогф кардааст, ки то ин вақт 5 ҳазор доллари дигар ришва гирифта будааст.
Ҳоло кормандонии амният имкони даст доштани вазир дар ин ришваситониҳоро таҳқиқ мекунанд. Равшанбек Собиров аз тоҷиктаборони Қирғизистон ва раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ” мебошад.