Имрӯз дар шаҳри Каллингради Русия вазирони мудофиаи Русияву Тоҷикистон Анатолий Сердюков ва Шералӣ Хайруллоев масъалаи тамдиди ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистонро баҳс мекунанд. Як дипломати Русия дар Душанбе ба хабарнигори Интерфакс гуфтааст, ки мулоқоти рӯзи панҷшанбе бояд масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳро ба марҳилаи “ муайянӣ” гузаронад. Ба навиштаи ҳамин манбаъ дипломатҳои тоҷик низ бовар доранд, ки ихтилофҳо рафъ хоҳанд шуд. Соли 2014-ум созиши ҳузури даҳсолаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба поён мерасад. Русия тасмим дошт, ки дар ибтидои соли равон қарордоди тамдиди ҳузури пойгоҳаш барои 49 соли дигарро имзо кунад. Вале ин созиш то ҳол имзо нашудааст ва ҳафтаи равон раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерали артиш Николай Марков иброз дошт, ки Тоҷикистон шартҳои ғайри қобили қабул пеш гузоштааст ва то замони ҳалли ихтилоф бо Тоҷикистон Русия маблағгузории пойгоҳаш дар Тоҷикитсонро мутаваққиф мекунад.