Як манбаъ дар мақомоти амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ аз 150 то 200 нафарро дарбар мегирад ва дар дараи душворгузари Варзичи вулусволиҳои Баҳорак ва Зебок мустақар шудааст.
Вай афзуд, ба иттилое, ки дар даст доранд, ин гурӯҳ аз ҷангиёни Толибон, Ҷамоати «Ансоруллоҳ» ва Ҳаракати исломии Узбакистон иборат буда, як гурӯҳи байнулмилалист, ки миллиятҳои гуногун – афғонҳо, тоҷикон, узбакҳо ва чеченҳоро дарбар мегирад.
Ба қавли мақомоти амниятии Афғонистон, дар гузашта ин гурӯҳ бо ниҳодҳои пулиси Бадахшон вориди даргирӣ шуда, чанд нафарро қурбонӣ додааст, аммо шахсиятҳои онҳоро мақомот натавонистаанд шиносоӣ кунанд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ин гурӯҳ аз Покистон сармоягузорӣ мешавад ва ба назар мерасад, барои иҷрои амалиёте дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинад.
Қаблан сарвари Кумитаи мардумии наҷоти ватани Қирғизистон Абдумаҷид Мадумаров эълом дошта буд, ки «дар қисмати ҷанубу шарқии Афғонистон дар ағбаи Шева, ҳамчунин шаҳрҳои Толиқон, Файзобод ва Баҳорак гурӯҳи размандагони хуб муҷаҳҳаз таҷаммӯъ кардаанд, ки ҳадаф доранд ба Қирғизистон оянд ва 18 июл дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои мустақар дар дохили кишвар шаҳрҳои Ӯш, Навкат ва ҷазираҳои марзии Сух ва Шоҳимардон дар марзи Узбакистонро ғасб кунанд».
Ин сиёсатмадор, ки гӯё аз хадамоти махсус иттиллоъ гирифтааст, мегӯяд, дар навоҳии ҷанубии Ҷон-Олой ва Навкат аллакай ду урдугоҳи размандагон мебошад , ки то 250 нафарӣ ҷангӣ доранд.
Ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, гурӯҳи мустақари размандагон ба дараи Варзич тариқи бандарҳои Тӯпхона ва Шоҳи Салим аз Покистон ворид мешаванд ва ба марзҳои Осиёи Марказӣ тариқи вулусволиҳои Ишкошиму Шуғнон ва Дарвоз метавонанд бирасанд.
Бино ба ин манбаъ, дар гузашта низ вуруди размандагон аз Покистон ба Афғонистон ва Тоҷикистон маҳз тавассути ҳамин масир сурат гирифтааст.
Мақомоти Тоҷикистон тирамоҳи соли 2010 ҳангоми даргириҳо дар водии Рашт эълом дошта буданд, ки аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ ба хоки ин кишвар аз Афғонистон ворид шудаанд.