Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бостоншиносони тоҷик дар ёдгории «Миси Айнак»-и Кобул


Гурӯҳе аз бостоншиносони тоҷик ба Афғонистон сафар кардаанд, то дар умури таҳқиқотии ёдгории таърихии «Миси Айнак» саҳм бигиранд.

Абдувалӣ Шарифов, раҳбари Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод зимни таъйиди ин хабар ба «Озодӣ» гуфт: «Дар ин ҳайат аз Осорхонаи миллӣ се нафар бостоншиноси варзида, ки дар умури ковишҳо таҷрибаи зиёде доранд, шомиланд.»

Оқои Шарифов гуфт, шумори дақиқи ҳайати бостоншиносони тоҷик барои ширкат дар умури ҳафриёти ёдгориии «Миси Айнак»-ро намедонад, аммо афзуд ин ҳайат аз мутахассисони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии ба номи Камолиддини Беҳзод таркиб ёфтааст, ки сарварии онро Юсуфшоҳ Ёқубов, донишманди Пажӯҳишгоҳи таърих ва археология бар ӯҳда дорад ва онҳо муддати як моҳ дар ин мавзеъ фаъолият хоҳанд кард.

Юсуфшоҳ Ёқубов, бостоншиноси маъруфи тоҷик
Юсуфшоҳ Ёқубов, бостоншиноси маъруфи тоҷик
Раиси осорхонаи миллии Тоҷикистон рисолати гурӯҳи бостоншиносони тоҷик дар минтақаи «Миси Айнак» -и Афғонистонро дар баробари саҳм гирифтан дар умури ковишҳои бостоншиносии ин ёдгории таърихӣ, ҳамчунин кӯмак ба мутахассисони ҷавони афғон низ унвон кард.

Зеро ба таъкиди вай, маҳз таҷрибаи ғании бостоншиносони тоҷик, ба он боис шудааст, то ин гурӯҳ аз сӯи ҳукумати Афғонистон барои ширкат дар таҳқиқи ёдгории «Миси Айнак» ва омӯзиши бостоншиносони ҷавони афғон даъват шаванд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи масъулони Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҷониби Афғонистон барои мусоидат дар иҷрои ин тарҳ 10 мутахассиси бостоншиноси тоҷикро даъват кардааст.

Аммо ҷониби Афғонистон дар ҳоле бостоншиносони тоҷикро ба минтақаи «Миси Айнак» даъват намудааст, ки дар ин минтақа захоири фаровони маъдани мис мавҷуд аст ва фаъолияти як ширкати Чин барои коркард ва истихроҷи он то ҷое ин ёдгориро зери хатар қарор медиҳад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00
Линки мустақим


Ин ҳам дар ҳоле, ки ин минтақа аз лиҳози захираи маъдани мис дар ҷаҳон ҷойи дуввумро мегирад.

Абдувалӣ Шарифов, раиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ ҳадафи аслии маъмурияти байналмилалии бостоншиносон дар минтақаи «Миси Айнак» -ро ба хотири наҷоти ин ёдгорӣ марбут медонад.

Зеро ба таъкиди вай, дар гузашта дар ин минтақа нигораҳои зиёди будоӣ кашф шудаанд ва ҳамакнун низ дар ин мавзеъ маъбадҳои буддоӣ мавҷуд аст, ки ба ковишҳои бостоншиносон ниёз дорад.

Ба ин тартиб ба гуфтаи Шарифов, ки дар чанд соли пеш аз ин минтақа дидан карда ва дар умури таҳқиқотии ин мавзӯъ низ ширкат доштааст, гурӯҳи бостоншиносони байналмилалӣ, ки иборат аз мутахассисони тоҷику афғон ва итолиёвию фаронсавӣ ҳастанд, бояд тамоми нигораҳоро кашф ва ба осорхонаи миллии Афғонистон интиқол диҳанд, то аз он ҳифозат ба амал оварда шавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи бостоншиносон «Миси Айнак» аз ёдгориҳои муҳими Хуросони Бузург маҳсуб мешавад ва дорои таърихи 2500 сола аст. Ин ёдгорӣ дар 25 километриии ҷанубу шарқи шаҳри Кобул воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG