Интизор меравад, ки имрӯз намояндагони Кумиссиёни Аврупо, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Марказии Аврупо барои баррасии вазъи низоми бонкӣ ва наҷоти ин кишвар аз бӯҳрони молӣ вориди Никосия пойтахти Қибрис шаванд. Ҳафтаи гузашта, Қибрис панҷумин кишвари ҳавзаи евро шуд, ки аз аъзои Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул барои наҷоти иқтисоди дармонда дар мушкилоташ кӯмаки молӣ тақозо кард. Мақомоти Қибрис мегӯянд, ки сарчашмаи ин мушкилот, бӯҳрон дар Юнони ҳамсоякишвар аст. Қибриси дармонда рӯзи якшанбе раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда гирифт.