Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурихоҳон аз қарори Додгоҳи Олии ИМА норозиянд


Дар Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА рӯзи 11 июл доир ба лағви қонун дар бораи ҳифзи сиҳат райъдиҳӣ сурат мегирад. Дар ин бора раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагон Эрик Кантор дар Твиттер хабар дод.

Аз ин пеш Додгоҳи олии ИМА мутобиқ ба Қонуни асосӣ будани қонун дар бораи ҳифзи сиҳатро эътироф кард. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, қарори додгоҳро пирӯзӣ хонд ва афзуд, ки "мо татбиқи ин қонунро дар ҳаёт идома медиҳем ва барои беҳтар кардани он чораҳои зарурӣ меандешем. Ягона чизе, ки мо даст нахоҳем зад, ягона чизе, ки кишвар наметавонад ба он машғул шавад – ин эҳёи набардҳои сиёсии ду соли пеш ва бозгашт ба вазъияти пешин аст".

Қонун дар бораиҳифзи сиҳат, ки соли 2010 аз сӯи Барак Обама пазируфта шуд, ҳама шаҳрвандонро муваззаф мекунад то соҳиби бимаи тиббӣ шаванд ваё ҷарима пардохт кунанд. Бо қабули ин қонун 32 миллион шаҳрвандони ИМА, ки қаблан бимаи тиббӣ надоштанд, ба табобат дар дармонгоҳҳо дастрасӣ пайдо карданд.

Мухолифини қонун тақозои ҳатман бимаи тиббӣ гирифтанро нақзи қонуни озодии тиҷорат мехонанд. Митт Ромнӣ, номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихоботи навбатии президентӣ, ваъда дод, ки дар сурати интихоб шуданаш ин қонунро бекор мекунад.
XS
SM
MD
LG