Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ба зарурати даъвати Эрон ба конфаронси байнулмилалӣ оид ба авзоъ дар Сурия таъкид кард. Қарор аст ин нишаст, ки ибтикори фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб оид ба Сурия Кофӣ Аннон мебошад, рӯзи шанбе дар Женева баргузор шавад. Изҳороти Сергей Лавров дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Урдун садо дод.
ИМА, Бритониё, Фаронса ва Чин – чаҳор узви доимии Шӯрои амнияти СММ ҳанӯз ширкаташон дар конфаронси Женеваро тайид накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, бар пояи хабарҳо, рӯзи сешанбе нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин дар канори Димишқ бо нерӯҳои ҳукуматӣ вориди даргирӣ шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар хабар доданд, ки рӯзи гузашта дар Сурия дар маҷмӯъ 116 нафар – 68 сокини осоишта, 41 низомӣ ва 7 ошубгар ба ҳалокат расиданд.