Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири молия баъди чаҳор рӯзи кор ба истеъфо рафт


Антонис Самарас
Антонис Самарас
Вазири нави молияи Юнон Вассилас Рапанос аризаи истеъфо навишт. Ба иттилои расмӣ, истеъфо бо вазъи сиҳати вазир бастагӣ дорад - ӯ рӯзи ҷумъа, ду рӯз баъд аз таъин шуданаш дар мақоми вазири молия, ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин мақоми калидӣ дар ҳукумати Антонис Самарасро кӣ ишғол хоҳад кард.

Худи Самарас рӯзи душанбе баъд аз ҷарроҳии чашм бемористонро тарк намуд. Аммо ӯ бар асари маризӣ дар нишасти қарибулвуқӯи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар он бӯҳрони қарзии Юнон баррасӣ мешавад, ширкат нахоҳад кард. Ҳайати Юнонро дар ин нишаст раисиҷумҳур Каролос Популяс сарварӣ мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, хатари аз "минтақаи евро" хориҷ шудани Юнон ҳанӯз аз байн нарафтааст.
XS
SM
MD
LG