Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои "Майнаи сухангӯ". Бовар мекунед?


Як навори дигари ҷолибу нодир вориди хазинаи Радиои Озодӣ шуд.

Бо гузашти ҳар рӯз фиристодани видеоҳои ҷолиб ба яке аз одатҳои хуби хонандагони торнамои Радиои Озодӣ табдил меёбад. Чанде аз ин наворҳо ба озмуни "Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман" рабт мегиранд, вале дар канори онҳо видеоҳое низ мерасанд, ки дар онҳо падидаҳои нодир забт шудаанд.

Аз ин силсила ҳоло бароятон видеоеро пешкаш мекунем, ки як хонандаи торнамои Радиои Озодӣ фиристодааст. Ҷои дареғ аст, ки ӯ ном ва нишонии худро нанавиштааст ва мо наметавонем, муаллифро бароятон шинос кунем. Умедворем, ки баъд аз нашри видео наворбардор ва фиристандаи он ба мо номае мезанад ва мегӯяд, ки наворро кӣ, кай ва дар куҷо бардоштааст. Ва ин майнаи нодир дар куҷо зиндагӣ мекунад.

Дар ин видео бонуе бо майна ҳарф мезанад, дақиқтараш суханони содаеро такрор мекунад ва майна бо хоҳиши и н бону суханонро талаффуз менамояд. Дар гузашта чанд наворе ба мо расида буд, ки маълум буд, садои онҳо дасткорӣ шуда, ба тасвири ҳайвонот садои монанд ба гуфтори инсон насб гашта буд, вале ин навор воқеӣ ба назар мерасад. Ба ҳар ҳол аз бинандагон мехоҳем, назари худро бинависанд. Касе ки наворро як бор тамошо кард, садои майна дар зеҳнаш то дер боқӣ хоҳад монд.

Майна
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG