Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ: "Раисиҷумҳури ҳама мисриҳо хоҳам буд"


Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Миср, дар як паёми телевизионӣ ваъда дод, ки раисиҷумҳури ҳама мисриҳо хоҳад шуд. Ӯ изҳор намуд, ки инқилоб то бароварда сохтани ҳама талабҳои эътирозгарон идома хоҳад кард ва афзуд, ки Миср ҳама ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро хоҳад кард.

Дирӯз Комиссиюни интихоботии Миср натоиҷи расмии интихоботи президентиро эълон кард, ки бар пояи онҳо Муҳаммад Мурсӣ 51.7 дар сад ва рақиби ӯ нахуствазири пешин Аҳмад Шафиқ 48.3 дар сади райъҳоро соҳиб шудаанд. Даҳҳо ҳазор ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ омада, аз пирӯзии номзади худ истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG