Дафтари президенти Юнон гуфт, ки раиси ҳизби муҳофизакори Демократияи нав нахуствазири ин кишвар хоҳад шуд. Нахуствазири нав ба хотири аз бӯҳрон баровардани кишвар бо татбиқи ислоҳоти иқтисодиву сарфаҷӯӣ машғул хоҳад шуд. Антонис Самарас имрӯз баъди мулоқот бо президенти кишвар Каролос Папоулиас дар ин мақом интисоб хоҳад шуд. Дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе ҳизби сотсиалист ғалаба карда, аммо натавонист раъйи заруриро барои ташкили ҳукумат ба даст оварад. Ва имрӯз дар ниҳоят се рӯзи музокираҳо бо аҳзоби сотсиалистӣ ва чапгарои демократӣ ҳукумати эътилофӣ ташкил мешавад. Ин се ҳизб аз қарзи бисёрмиллиардии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул, ки барои берун шудан аз бӯҳрон равона шудааст, пуштибонӣ карданд.