Хонум Илена Рос Летинен-раиси Кумитаи умури хориҷаи Маҷлиси Намояндагони Амрико аз давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури ин кишвар хост, ки бар зидди ширкати русии “Рособоронэкспорт” барои интиқоли аслиҳа ба Сурия таҳрими молӣ ҷорӣ кунад. Хонум Элена дар эъломияе гуфтааст, чунин рафтори “Рособоронэкспорт” манофеи амнияти миллии Амрикоро зери хатар мебарад ва қонунҳои Амрикоро нақз мекунад.