Давлати Амрико аз додгоҳи ин кишвар хостааст, колбад ва ё скелети комили тиранозавреро ба Муғулистон баргардонанд, зеро онро ғайриқонунӣ ба Амрико оварда фурӯхтаанд. Додситони Манҳеттен мегӯяд, колбади ин динозаври азимҷуссаву тарснокро миёни солҳои 1995 то 2005 дар биёбони Гобии Муғулистон ёфтаанд, вале бо санадҳои тақаллубӣ, ки гӯё аз Бритониё ёфт шудааст, ба Амрико овардаанд. Колбади 70 миллионсолаи тиранозаврро моҳи гузашта дар як музоядае ба маблағи андаке бештар аз 1 миллион доллар фурӯхтаанд. Тсахиа Элбегдорҷ, раиси ҷумҳури Муғулистон, аз ҳукумати Амрико сипосгузорӣ карда, он скелетро “як пораи муҳим аз мероси фарҳангии мардуми Муғулистон” хондааст.