Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати Хадамоти муҳоҷирати Русия ба Тоҷикистон


Ҳайате аз Хадамоти муҳоҷирати Русия ба манзури густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 19 июн вориди Душанбе, пойтахти ин кишвар мешавад.

Он гуна, ки Абдуллло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба РО гуфт, Олег Молодиевский, сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав дар раъси ин ҳайат қарор дорад. Ҳамчунин ба гуфтаи вай Владимир Балашов, сардори шӯъбаи раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар фурудгоҳи «Домодедово» - и вилояти Маскав низ шомили ин ҳайат мебошад.

Қодирӣ гуфт, ҳайати мазкур дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла масоили ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъмини назорати самарабахши бахши муҳоҷират, ҳамчунин муқаррар намудани квотаҳо барои ҷалби муҳоҷирони ҶТ ҷиҳати иҷрои кор дар Федератсияи Русияро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Афзун бар ин сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ҳайати русӣ бо раҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» - и ин Хадамот масъалаҳои интихоби муташаккилона ва ба вилояти Маскав фиристодани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG