Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори БРО аз афзудани офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон


Бонки Рушди Осиё барои бартараф намудани паёмадҳои ногувори марбут ба таъғироти иқлим 6 миллион доллар ҷудо кардааст.

«Дар муддати кӯтоҳ, барномаи мазкур барои бунёди заминаҳои техникӣ барои муайян кардани вазъи боду ҳаво ва иттило дар бораи тағйироти иқлим мусоидат намуда, баъдан дар сурати баланд шудани маърифати мардум дар ин замина, имконоти аҳолӣ ва созмонҳоро дар роҳи ҳалли ин мушкилот афзун мекунад», мегӯяд Макото Оджиро раҳбари бахши муҳитзистии БРО.

Ин ниҳод, мегӯяд тайи даҳ соли ахир дар Тоҷикистон, ки аз ҳама кишвари камбизоат ва дар рӯ ба рӯйи мушкилоти таъғироти иқлим заъфпазир аст, ҳодисаҳои офатҳои табиӣ афзудааст. Бино ба пешгӯиҳои коршиносони БРО эҳтимол аст, ки чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ба милси омадани сел ё хушксолӣ зиёд шавад. Гармшавии ҳаво, ки ба обшавии пиряхҳо сабаб шудааст, ба соҳаи кишоварзии кишвар паёмадҳои ногувор дорад, мегӯянд онҳо.

Гуфта мешавад, барномаи таҳияи заминаҳо барои мутобиқ шудан ба таъғироти иқлим, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мусоидат мекунад ки барномаи миллии роҳҳалӣ хатарҳои эҳтимолии таъғироти иқлимро таҳия намуда, низоми баҳодиҳии мутобиқшавӣ ва пешравиро дар ин самт ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон, барои пешгӯӣ карда тавонистани вазъи дурусти «боду ҳаво» бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ҳамчунин дигар ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои заъфпазир низ дар доираи барномаи мазкур дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Гуфтанист қабл аз ин Хазинаи стротеҷии иқлим, барои мутобиқшавии Тоҷикистон ба паёмадҳои ногувори таъғироти иқлим дар солҳои 2010 ва 2015, 50 миллион доллар додааст. Шаффофияти харҷи ин маблағҳоро шабакаи созмонҳои муҳитзистии Тоҷикистон назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG