Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи "Экватор-2012" насиби "Зан ва замин" шуд


Муҳаббат Маҳмадалиева, раҳбари созмони "Зан ва замин"
Муҳаббат Маҳмадалиева, раҳбари созмони "Зан ва замин"
Дар ҷараёни нишасти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор "Рио-20", ки дар Бразилия ҷараён дорад, созмони ҷамъиятии "Зан ва замин" ҷоизаи "Экватор-2012"-ро соҳибӣ кард. Дориюш Зитек, раҳбари минтақавии Акт Осиёи Миёна ба Радиои Озодӣ гуфт, "Зан ва замин" яке аз ҳамкорони дерина ва муваффақи онҳост, ки барои коҳиши камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист барномаҳои мухталифро дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.

Ӯ гуфт, "муваффақиятҳои "Зан ва замин"-ро дар рушди устувори ҷомеаи тоҷик ба назар гирифта, онҳоро барои гирифтани ҷоизаи мазкур пешниҳод намуданд. Ин созмон барномаҳои муҳимро барои занон ва дастрасии онҳо ба замин амалӣ мекунад."

Ба қавли ҷаноби Зитек, "Зан ва замин" яке аз 25 ғолиби ҷоизаи "Экватор-2012" аст, ки аз миёни 800 созмони довталаби 113 кишвар, интихоб шудааст. Ин барномаи СММ навоварӣ ва ташаббусҳои муфиди сокинони минтақа ва ҷамъиятҳоро, ки барои роҳҳали мушкили зиндагии инсонҳо ва табиат мусоидат мекунад, дастгирӣ намуда, ҳамасола ба 25 созмони дар ин самт махсусан фаъол ҷоиза тақдим менамояд.

"Зан ва замин"-ро дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор Рио+20 Муҳаббат Маҳмадалиева муаррифӣ хоҳад кард. Субҳи рӯзи 18-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ барои ширкат дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Бразилия сафар кард.
XS
SM
MD
LG