Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср номзади “Ихвон-ул-муслимин” пирӯз шуд


Муҳаммад Мурсӣ номзади “Ихвон-ул-муслимин”-и Миср дар интихоботи президентӣ
Муҳаммад Мурсӣ номзади “Ихвон-ул-муслимин”-и Миср дар интихоботи президентӣ

Шохаи сиёсии “Ихвон-ул-муслимин”-и Миср номзади худро дар интихоботи президентӣ пирӯз эълон кард.

Нахустин эълон дар шабакаи ҳизби “Озодӣ ва Адолат” дар Twitter пахш шуд, ки бино бар он Муҳаммад Мурсӣ дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Миср, ки рӯзҳои 16 ва 17-и июн ҷараён гирифт, ғалаба кардааст. Сомонаи интернетии “Ихвон-ул-муслимин” Мурсиро “аввалин президенти ба таври умумихалқӣ интихобшудаи Миср” номид.

Худи Мурсӣ дар даромадгоҳи ситоди интихоботияш дар Қоҳира бо хитоб ба издиҳоми тарафдоронаш ваъда дод, ки “президент ва хидматгори ҳамаи мисриҳо, ҳамаи ҷиноҳҳо, мусулмонон ва насрониҳо хоҳад буд.”

Бино бар натиҷаҳои раъйдиҳӣ, ки “Ихвон-ул-муслимин” баъд аз шумриши оро дар 95 дарсади ҳавзаҳои раъй нашр намудааст, Мурсӣ 52 дарсад овоз гирифтааст ва сарвазир пешин Аҳмад Шафиқ 48 дарсад.

Ситоди Шафиқ гуфт, аз эълони пирӯзии “Ихвон-ул-муслимин” “ба ҳайрат афтодааст” ва танҳо кумиссюни интихоботӣ метавонад, натиҷаҳои раъйдиҳиро эълон кунад.

Дар ин байн, Шӯрои Олии Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср, ки ба кишвар раҳбарӣ мекунад, “ислоҳот”-и қонуни асосиро анҷом дод, ки бино бар он салоҳияти назорат бар умури қонунгузорӣ ва молиявиро ба худ ихтисос дод.

Бино бар ин санад шӯрое ибораит аз 100 нафар таъсис хоҳад ёфт, то тарҳии нави қонуни асосии Мисрро омода намояд. Интихоботи нави порлумонӣ танҳо пас аз тасвиби қонуни нави асосӣ баргузор хоҳад гашт.

Эъломи пирӯзии номзади "Ихвонулмуслимин"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00
Линки мустақим


Шӯрои Олии Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср, ки аз тарафи фелд-маршал Ҳусейн Тантавӣ сарварӣ мешавад, ки 20 сол таҳти раёсати президенти барканоршуда Ҳуснӣ Муборак дар мақоми вазири дифоъ кор кардааст.

Дар ҳамоиши бомдодии “Ихвон-ул-муслимин” сухангӯи он гуфт, ҳизб ҳукми охири Додгоҳи Олии қонуни асосии Мисрро намепазирад, ки интихоботи гузаштаи порлумониро ғайриқонунӣ хонд ва порлумонро пароканда эълон кард. Тарафдорони “Ихвон-ул-муслимин” аз ин изҳорот бо нидоҳои “Марг бар ҳокимияти низомӣ” истиқбол карданд.

Маъракаи интихоботи президентӣ дар Миср хеле пуршиддат ва нифоқбарангез буд. Бисёриҳо ба сарвазири пешин Аҳмад Шафиқ ин гуна менигаристанд, ки вай қарор аст, шеваи раҳбарии Муборакро, ки дар соли 2011 аз раёсат барканор шуд, бозмегардонад. Аз сӯи дигар, мунтақидони Мурсӣ ҳарос доштанд, ки “Ихвон-ул-муслимин” мехоҳад, Мисрро ба як давлати исломӣ табдил диҳад ва сиёсатҳои зидди ҳуқуқи насрониҳо ва занонро дар пеш гирад.

Натиҷаҳои ғайрирасмии интихоботи 16 ва 17-и июн бояд имрӯз, душанбеи 18-уми июн, эълон шаванд, аммо мақомоти интихобот мегӯянд, натиҷаҳои расмӣ танҳо рӯзи 21-уми июн нашр хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG