Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои боз як пинҳонгоҳи қочоқчиён дар Шӯробод


Tajikistan,Kulob region,army checkpoint in Tajik-afghan border in Shuroobod district,20Sep2011
Tajikistan,Kulob region,army checkpoint in Tajik-afghan border in Shuroobod district,20Sep2011
Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар мавзеи «Деволбарс»-и ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон, пинҳонгоҳи дигари қочоқчиёни афғонро ошкор кардаанд.
Ҷамолиддин Садриддинов, корманди дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо «Озодӣ» ин хабарро таъийд кард ва гуфт, санаи 15 июни соли ҷорӣ дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2012» аз пинҳонгоҳи қочоқчиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як адад найза, наздик ба 420 кг маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира кардаанд.

Ба гуфти вай дар давоми ду ҳафтае, ки ин амалиёт роҳандозӣ мешавад, беш аз 600 кг маводи мухаддир ва чанд адад тиру туфанг мусодира шудааст.
Амалиёт дар мавзеи "Деволбарс"-и ноҳияи Шӯрообод бо ширкати нерӯҳои марзбонӣ ва умури дохилии Тоҷикистон ду ҳафта ба ин сӯ идома дорад. Бино ба манобеи маҳаллӣ, онро шахсан вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, сарварӣ дорад.

Қаблан, рӯзи 10-уми июн, вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор ва мусодира шудани 100 килову 160 грамм маводи нашъадори навъи бангдона ва як адад силоҳи тамғаи "ТОЗ-16" аз пинҳонгоҳе дар ин мавзеъ хабар дода буд.

Рӯзи шашуми июн низ ин манбаъ дар пайи задухӯрди дусоата аз торумори як гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллоб ва иборат аз шаҳрвандони Афғонистон иттилоъ дод, ки аз онҳо ба миқдори 90 кг 300 грамм маводи нашъадор мусодира шудааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ низ нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар қитъаи Шӯрободи марз бо Афғонистон бо гурӯҳи қочоқбарон вориди даргирӣ шуданд. Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он вақт гуфта буд, яке аз қочоқбарон захмӣ шуда, даста тавонистааст, бозпас ба Афғонистон фирор кунад.
Гуфтанист, Шӯрообод бо доштани беш аз саду панҷоҳ километр хатти душворназорати марз ва пайваста рух додани ҳодисаҳои марзшиканӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки Бунёди Сорос бо интишори гузорише аз истифодаи ғайримуассири кӯмакҳои кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ барои ҳифзи марз, марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон танқид кардааст. Дар ин гузориш таъкид шуда, ки вуҷуди фасоду ришват дар таъмини амнияти марзҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод намудааст.
XS
SM
MD
LG