Мақомоти НАТО се тарзи баровардани амволи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Шакли аввал аз истифодаи роҳи мошингард ба воситаи Тоҷикистону Қирғизистон то истгоҳи роҳи оҳани Аламедин, дуюм – ба воситаи бандари Ҳайратон, шаҳри Тирмизи Узбакистон бо роҳи оҳан то Қазоқистону Русия ва сеюм – ба воситаи ҳавопаймоҳо то фурудгоҳи Уляновск дар Русия ва сипас бо роҳи оҳан. Аммо ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Рӯзномаи «Коммерсант»-и чопи Маскав навишт, НАТО эҳтимоли дар Осиёи Марказӣ барои муддати муайян анбор кардани муҳимот ва истифодаи онро дар ҳоли бад шудани вазъ дар Афғонистон низ баррасӣ мекунад.