Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ё CPJ марказаш дар Нию Йорк аз мақомоти Қирғизистон хостааст, ки ҳар чӣ зудтар Азимҷон Аскаров-фаъоли ҳуқуқи башари ин кишварро аз зиндон раҳо кунанд. Аскаров аз узбактаборони Қирғизистон аст ва иддао мешавад, ки вай ду сол пеш дар муноқишаҳои қавмии миёни узбактаборон ва қирғизҳо нақш доштааст. Вай бо ин иттиҳом ҳоло мӯҳлати ҳабси абадро дар зиндон сипарӣ мекунад.
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ҳамчунин аз мақомоти Қирғизистон хостааст, ки ба шикоятҳо дар бораи шиканҷаи Аскаров дар зиндон расидагӣ сурат бигирад.
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ҳамчунин аз мақомоти Қирғизистон хостааст, ки ба шикоятҳо дар бораи шиканҷаи Аскаров дар зиндон расидагӣ сурат бигирад.