Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои дохил шудан ба донишгоҳ савод лозим, ё "тағо"?


Ин нома аз сӯи як хонандаи торнамои "Озодӣ" ба мо расид, ки дар бораи дохил шудан ба донишгоҳҳои кишвар баҳс мекунад. Агар Шумо ҳам назареву пешниҳоде доред, бо мо дар миён гузоред.

Инак, номаи хонандаи мо:

"Салом ба аҳли кормандони Радиои озодӣ!

Ростӣ, ин номаро менависаму худро каме хиҷолатзада эҳсос мекунам, вале медонам, ки Радиои Озодӣ танҳо манбаи ҳақиқат барои мо - муҳоҷирон мебошад. Аз кормандони Радиои Озодӣ хоҳиш дорам, ки ба масъалаи доғи рӯз, яъне шомил шудан ба донишгоҳҳо, назари ҷиддие андозед.

Ман як тан муҳоҷирдухтаре мебошам, ки дур аз ватану оила дар Беларус умр ба сар мебарам. Оилаамонро бошад, оилаи миёнаҳол номем ҳам, хато намекунем. Падару модарам дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд ва маошашон ҷамъулҷамъ дар 1 моҳ 450-500 сомонист.

Дар оила мо 6 нафарем ва ман духтари калонии хонадон мебошам. Соли 2008-ум мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм кардам. Худи ҳамон сол падарам камтар замини бекорхобидаашон дар ноҳияи Ховалингро фурӯхтаву маро ба Донишгоҳи тиббӣ шомил карданд. Вале аз сабаби нарасидани маблағ соли 2-юм тарки донишгоҳ карда, муҳоҷиратро ихтиёр намудам. Он ҳама орзуҳое, ки падару модарам доштанд, мутаассифона, ҷомаи амал напӯшид. Афсӯс, сад афсӯс, ки натавонистам он табибе, ки падару модарам як умр орзу мекарданд, бишавам. Вале ба онҳо қавл додам, ки кӯшиш мекунам, бародарамро табиб бикунам. То бародарам табиб нашавад, ба Тоҷикистон барнамегардам.

Дар Беларус алакай 4 сол мешавад, ки ба кор машғул ҳастам ва мутаасифона имконияти рафтанро ҳам надорам. Чунки оилаамонро таъмин мекунам. Бо кӯмаки ман бародарам имсол синфи 11-ро дар литсей-интернати президентӣ хатм кард. Саводаш ҳам борои дохил шудан кофӣ аст. Ман тайёр ҳастам, пули шартномаро, ки 1200 доллар дар як сол мебошад, диҳам.

Вале дигар тоқати гиряву нолаҳои бародарамро надорам. Ӯ мегӯяд, кӯшиши беҳуда чӣ лозим. Ҳамсинфаш ба ӯ гуфтааст, падари ман барои "таға" 10 ҳазору 600 доллар дод, оё ту "таға" дорӣ? Бе "таға" кафолати ба донишгоҳ дохил шуданро ҳеҷ кас намедиҳад. Аз модарам хоҳиш кардам, ки пули "таға"-ро фаҳмад. Модарам рафта пурсид. Профессоре ба ӯ гуфтааст, 8 ҳазор доллар лозим аст. Акнун ҳамаамон роҳгум задаем. Аз куҷо ин қадар пул биёбем?

Аҳволи ду хоҳари дигарам чӣ мешуда бошад? Оё ин аз рӯи инсофу адолат аст? Охир, мо дар давлати демократӣ зиндагӣ дорему то ҳол коррупсия ҳукмронӣ мекунад. Чаро танҳо бачаҳои вазиру кабир ба дилхоҳ донишгоҳ дохил мешаванд? Оё бе "тағо" бо саводи худаш дохил шудани бародари маро касе кафолат дода метавонад? Ё ин ки бародарам ҳам мисли ман муҳоҷир мешавад?

Модараи бечораам моро ҳам бо сад орзу калон кардааст. 11 сол чизе, ки мактаб аз мо талаб кард, додем. Либосу китоб, пули мактаб, оё мо чизе, ки коштем, онро метавонем даравем?

Илтимос, Радиои Озодӣ бетараф набошед. Барои як нафар духтари муҳоҷир ба ин ҳама беадолатиҳо ҷангидан душвор аст. Ташаккури бепоён!"

Меҳрубон Азизӣ
XS
SM
MD
LG