Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтиёти Қирғизистон қонунро помол кардааст?


Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, муфтиёти ин кишвар чанде аз бачаҳои қирғизро ғайриқонунӣ барои таҳсил ба мадрасаҳои исломии Бангладеш фиристодааст. Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон дирӯз гуфт, дар фиристодани чанд навраси аз 10 то 15 сола ба Бангладеш масҷиди марказии шаҳри Бишкек ва созмони мамнӯъи Ҷамоати Таблиғ даст доштаанд. Ҳамаи наврасон аз вилояти шимолии Нарин будаанд ва мақомоти расмии ин вилоят гуфтаанд, баъди нопадид шудаанд, вале намедонанд, ки онҳо ба Бангладеш рафтаанд ё ҷойи дигар. Мақомоти расмии Қирғизистон ба таҳқиқи ин парванда шурӯъ кардаанд, вокуниши муфтиёт ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG