СММ режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро ба рӯйхати давлатҳое даровард, ки дар низоъҳои мусаллаҳона даст ба қатлу шиканҷаи кӯдакон мезананд. Гузориши нави СММ, ки бар пояи сӯҳбатҳои нозиронаш бо атфол ва сарбозони собиқи суриёӣ таҳия шудааст, мегӯяд, дар Сурия кӯдакони ҳатто 9-сола қурбони куштору азият, боздошту ҳабси худсарона, шиканҷа ва бадрафтории ҷинсӣ қарор мегиранд. Бино ба ин гузориш, кӯдаконро дар набардҳо бо мухолифин ҳамчун сипари зинда рӯи тонкҳои артиш мешинонанд. Гузориш аз нирӯҳои мухолиф ҳам интиқод карда, ки кӯдаконро дар ҷангҳо барои кашондани об ва васоили тиббӣ истифода мекунад.