Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ба тазоҳуроти мухолифин омода мешавад


Мухолифони давлати Русия қасд доранд, имрӯз дар шаҳри Маскав раҳпаймоии эътирозӣ баргузор кунанд. Агарчӣ мақомоти Маскав ба баргузории раҳпаймоӣ дар маркази шаҳр иҷоза додаанд, аммо пешвоёни мухолифини давлат, аз ҷумла Алексей Навалний ва Сергей Удалтсов дар онҷо ҳузур нахоҳанд дошт. Пулиси Русия онҳоро барои бозпурсӣ даъват кардааст, чун ба гуфтаи мақомоти интизомӣ зимни ҷустӯҷуи дирӯзаи пулис аз хонаҳои онҳо, “миқдори зиёди адабиёту варақаҳо бо шиорҳои зиддиҳукуматӣ” кашф шудааст. Чанде пештар аз ин амалиёт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки барои ширкат дар тазоҳуротҳо ҷазои сахт муқаррар кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, “аз озор додани мухолифони давлати Русия амиқан нигарон аст.”
XS
SM
MD
LG