Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи фаронсавиҳо бо пулис ба ихроҷ кашонд


Ду шаҳрванди Фаронса, ки рӯзи 4-уми июн ба милисаҳои тоҷик дарафтоданд, Тоҷикистонро тарк хоҳанд гуфт.

Ба дунболи баррасии моҷарои ду шаҳрванди Фаронса бо пулиси тоҷик, дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе тасмим гирифтааст, то Малика Малкӣ ва ҳамсари ӯ - Ҷалол Каззуро аз Тоҷикистон берун кунад.

Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "тафтиши ин ҳодиса ҳамчунон тавассути раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо ҷараён дорад, аммо натиҷаи аввалия ин шуд, ки хонум Малика Малки ва шавҳараш Ҷалол Каззу Тоҷикистонро тарк кунанд."

Хонум Абдуллоева афзуд, Ҷалол Каззу -- ҳамсари Малика Малки, атташеи дафтари Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе субҳи рӯзи 11-уми июн аз Тоҷикистон хориҷ шудааст. Ба қавли ӯ, Малика Малкӣ низ рӯзҳои наздик Тоҷикистонро тарк хоҳад кард.

Тасмими ихроҷи ду шаҳрванди Фаронса, ки яке аз онҳо корманди дафтари Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе маҳсуб мешавад, дар пайи номаи расмии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ин созмон иттифоқ уфтод. Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо низ мегӯяд, ин нома рӯйи тасмими аввалияи ин созмон асар доштааст.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ихроҷи ду шаҳрванди Фаронсаро метавон ба маънии эътирофи "гунаҳкор" будани онҳо дар ҳамла ба маъмурони пулис тавассути Иттиҳоди Аврупо донист? Сухангӯи дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе дар посух ба ин суол гуфт, "оид ба ин масъала чизе гуфта наметавонам, лекин ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ин як натиҷаи аввалияе буд, дар баррасии қазияи ахир."

Ин дар ҳолест, ки пештар масъулони Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ду шаҳрванди Фаронсаро дар нақзи тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам донистанд. Полковник Кароматуллоҳ Раҷабов, сардори бахши тартиботи ҷамъиятии Раёсати умури дохилии Душанбе, зимни шарҳи ҳодисае, ки шоми 4-уми июн дар яке аз қаҳвахонаҳои сарироҳии майдони 800 - солагии шаҳри Маскав, дар рӯ ба рӯйи Театри опера ва балети пойтахт иттифоқ афтодааст, гуфт, "Малика Малки, атташеи Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамсараш - Ҷалол Каззу он шаб дар ҳолати мастӣ қарор доштанд ва ба истироҳати дигар сокинон халал расонданд."

Вай афзуд, "бо вуҷуди хоҳиши кормандони пулис барои ором кардани фаронсавиҳо, онҳо муқобилият нишон дода ва бо забони худашон ба таҳқири мардум пардохтанд." Ҳатто ба қавли полковник Раҷабов, ин ду шаҳрванди Фаронса овозхонҳоеро, ки дар ин маҳфил ҳузур доштанд, низ таҳқир кардаанд.

Ба гуфтаи полковиник Раҷабов, дар чунин вазъ кормандони пулис хостаанд, то ҳарду фаронсавиро ба идораи пулис бурда ва бо даъвати намояндаи Кумиссиюни Аврупоӣ қазияро ҳал кунанд. Аммо ин ду фаронсавӣ ба дархости пулис итоат накарда, Малика Малки бо шишаи шароб хостааст, то ба сари Кароматуллоҳ Раҷабов бизанад. Дар ин ҳолат кормандони пулис лейтенант Файзов Гулмурод, майор Шододов Далер, майор Қурбонов Рамазон аз ин ҳамла ҷилавгирӣ кардаанд. Бо ин ҳам хонум Малки ва шаҳвараш ором нашуда, ба се пулис дарафтодаанд.

Ин аст, ки ба таъкиди полковник Раҷабов, дар пайи ҳамлаи фаронсавиҳо ҳар се маъмури пулис ҷароҳатҳои мухталифи ҷисмонӣ гирифтаанд. Соҳибназарон тасмими аввалияи Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо нисбат ба қазияи ахири марбут ба ду шаҳрванди Фаронсаро ҷиддӣ қабул карданд, аммо ҳамакнун дар зеҳнҳо ин суол чарх мезанад, ки тасмими ниҳоии ин созмон чӣ хоҳад буд?

Дар навори зер: Нақли шоҳид. Фаронсавиҳо чӣ кор карданд?

Нақли шоҳид. Фаронсавиҳо чӣ кор карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG