Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Сербистон савганд ёд хоҳад кард


Имрӯз дар Белград марсоими савгандёдкунии Томислав Николич дар мақоми раиси ҷумҳурии Сербия барпо хоҳад шуд. Николичи миллатгаро, ки дар интихоботи моҳе пеш номзади ғарбгаро Борис Тадичро мағлуб кард, рӯзи 31 май президенти расмии кишвар шуд. Раҳбарони кишварҳои ҳамсоя - Хорватия, Босния ва Словения аз ширкат дар ин маросим худдорӣ карда гуфтанд, ки сабаби ин изҳороти нохушоянди Николич дар масъалаи кушторҳои ҷамъии мардум дар Вуковар ва Сребренитса дар солҳои 1990-уми ҷанги Балкан будааст.
XS
SM
MD
LG